Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қосимҷонро ёд мекардам. Мулоим-мулоим гап заданҳои ӯ, шеърхониҳои ӯ, чашмҳои калон-калони ҳалиму меҳрубон, вале маҳзуни ӯро ба хотир оварда, мегуфтам, ки наход дигар баргашта наояд, наход ақаллан барои дидани ман наояд? Гоҳ мегуфтам, ки худам рафта Қосимҷонро дида биёям, вале, рости гап, аз Шокиртароша, аз забони тези ӯ метарсидам.
Боре бо супориши Абдулатиф-тағо ба тарафи хобгоҳи коргарон мерафтам, ки аз дур Қосимҷонро дидам. Аммо ӯ маро дидан ҳамоно худашро ба дигар тараф зад, дар паси хонае аз чашмам ғоиб шуд. Аз ин кораш ман сахт ҳайрон шудам. «Бегона боз бегонагиашро мекардаастдия!» гуфтам ман бо димоғи сӯхта ва дигар аз баргаштани ӯ умедамро кандам.
Аммо Қосимҷон нохост бо пои худаш даромада омад.
Аз рафтани ӯ ягон ҳафта гузашта буд, ки як пагоҳӣ Абдулатиф-тағо «хунук хӯрда истодаам, як дам дароз кашам-чӣ» гӯён чойхонаро ба ман монда ба хоначааш рафт.
Хеле вақт гузашта, танаффуси коргарон ҳам наздик расид, аммо аз тағоиям дарак набуд. Хавотир шуда, ба хонача рафтам.
Тағоиям сарашро ба кӯрпа печонида гирифта буд.
Аммо хоб набудааст.
Ӯ ғирчоси дарро шунида, сарашро кушод.
– Ҳа, ту-мӣ, – гуфт бо овози хаста, – об те, ҷиянам.
Рӯяш суп-сурх тафсида, таб бароварда буд.
– Нотоб шуда мондам ман, аз афташ, – гуфт як коса обро то охираш нӯшида.
Ҳамин тавр карда, чойхона ба дасти як худи ман монд.
Даву ғеҷи чойхона ду касро ҳам монда мекард, аммо як касро батамом аз ҳол меравонд.
Ҳамон рӯз ман бо як азоб кори чойхонаро то бегоҳ саришта карда нишастам. Аз чойхона саг барин кӯфта шуда омадаму худамро ба рӯи бистар партофтам. Аммо дере нагузашта, тағоиям маро бедор карду об талабид.
Бо ҳамин дигар то пагоҳӣ мижа хам накардам.
Бечора тағоиям дар таб месӯхт. Лабонаш торс-торс кафида, дар гирди даҳонаш табхол дамид.

пешина
аз 130
навбатӣ