Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ба бача, «Хайр, ба Қосимҷон салом гуфта мон» гӯён дари хоначаро қуфл кардаму ба чойхона давидам. Аз он, ки Қосимҷон сиҳат ва саломат будаасту дар ҳамин ҷо, дар Зарчашма меистодааст, хеле хурсанд шудам, хотирам аз ӯ ҷамъ шуд, аммо дар айни замон аз ӯ як қадар норозӣ будам, ки барои ман ақаллан як даҳан сухани хуш наёфтааст, ки гуфта фиристонад. «Ӯро-ку Абдулатиф-тағо хафа кард – мегуфтам ман худ ба худ, – лекин аз ман чӣ бадӣ дидааст?»
Тағоиям ин хабарро аз ман шунида аввал ҳайрон шуд.
– Сандуқашро гирифта рафт? – гуфт ӯ бовариаш наомада, – наход?
Аммо пас аз лаҳзае бепарвоёна даст афшонда гуфт:
– Ошу нони тайёр, ки нафорида бошад, – ихтиёраш!
Худашба қин! Чӣ гуфтӣ, ҷиянам?
Вале рафтани Қосимҷон аз афти кор ба ӯ хеле сахт расида будааст, ки ҳамон рӯз ба Шокиртароша гап парронда гуфт:
– Охир ба гапат даровардӣ? Аз раҳ задӣ?
Шокиртароша бе он, ки дар ҷавоб чизе гӯяд, ба тағоиям чашм дӯхта истод.
– Қосимро аз раҳ задӣ, мегӯям? – такрор карда гуфт Абдулатиф-тағо.
– Ҳой Латиф! – гуфт дар охир Шокиртароша. – Шукр кун, ки ба ҷои вай ландаҳур ягон каси дигар набудааст!
Чӯби мулоима кирм мехӯрад-дия-а? Ҳӯ морбоз!
– Хайр, хайр! – гуфт хандида тағоиям. – Ба ман гӯӣ пухта хур ҳамқишлоқита! – ва дигар ба Шокиртароша кордор нашуд.
Ба ҳамин тариқ вазифаи Қосимҷон акнун ба гардани ман бор шуд.
Ин «хизмати холис» ба ман хеле гарон меомад. Ман мебоист саҳарии барвақт ҳанӯз пардаи торикӣ бардошта нашуда, аз хоби ширин хезам ва бо ҳамроҳии тағоиям параха кафонда ангишт майда кунам, аз дарёча об кашонда, ба самовор алав андозам, баъд чойхонаро об зада рӯбаму палос паҳн кунам, чойнику пиёлаҳоро гирифта дар оби гарм чайқонам...

пешина
аз 130
навбатӣ