Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳам дигар гап назадаму ба ҷои хоби худ, бар болои боми чойхона рафтам, ки кӯрпа-бистари мо дар ҳамон ҷо печондагӣ меистод.
Ман гумон карда будам, ки Қосимҷон аз пеши мо баромада, рост рафта дар ҷояш хобидааст, аммо болои бом холӣ буд. «Хайр, меомадагист-дия!» гуфтаму ҷогаҳи худамро андохта хоб кардам.
Аммо саҳарӣ хеста дидам, ки кӯрпаи Қосимҷон даст нарасонидагӣ истодааст. Диламро ваҳм гирифт. «Боз худашро ягон кор накарда бошад?» мегуфтам ман.
Аммо тағоиям аз ман ин гапро шунида ханда кард.
– Ҷон-а, ҷон! – гуфт ӯ. – Девона нашудааст, ки худашро кушад. Ба пеши ҳамон тарошааш рафтагист балки...
Баъд каме ба фикр фурӯ рафта ба ман гуфт:
– Акнун, ҷиянам, то вай масчоҳии кӯрнамак омадана ту ба ман ёрӣ мекунӣ-дия!
– Гашта меомада бошад? – бовариам наомада пурсидам ман.
– Дигар куҷо мерафт вай сакалту... – гуфт тағоиям.
Ман ҳам аз суханони тағоиям ором ёфта, ба худ гуфтам, ки Қосимҷон то ҳамин бегоҳ ё агар ҷудо сахт ранҷида бошад, рӯзи дигар боз гашта меояд.
Вале бегоҳӣ, ки Абдулатиф-тағо ба маҷлис рафта, дар чойхона танҳо худи ман монда будам, як бачаи ношинос омада гуфт, ки Қосимҷон ӯро барои сандуқаш фиристодааст.
Ман сандуқро ба пушти бача бор карда истода пурсидам:
– Қосимҷон худаш дар куҷо?
Бача бо дили нохоҳам гуфт:
– Дар хонаи Шокир-ако...
Ман боз пурсидам:
– Чӣ кор мекардааст дар он ҷо?
Аммо бача ба гапи ман ҷавоб надод.
– Хайр, – гуфтам ман, – ба ман ҳеҷ чиз гуфта нафиристодааст?
Бача ба ман назарногирона нигоҳе карда гуфт:
– Не, ҳеҷ чиз нагуфтааст.
Ман мехостам бо бача дурусттар гапзанон кунам, ҳолу аҳволи Қосимҷонро дурусттар фаҳмида гирам, аммо зормонда фурсат набуд.

пешина
аз 130
навбатӣ