ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Гилагузории Абдулатиф-тағо хеле кашол ёфт, ҳатто ба дили ман зад. Аммо тағоиям овози ширадорашро баланд накарда, ҳамчунон гап мезаду гап мезад...
Дар охири гапаш ӯ гуфт:
– Акнун, имрӯз ки нону намаки маро хӯрда, бо гапи дигарҳо кор мекардагӣ бошӣ, кӯрнамакӣ мекардагӣ бошӣ, ҳоло ҳам сари вақт, Қосим, «нағзӣ куну ба дарё андоз» гуфтаанд, ман туро дошта намешинам, чор тарафат қибла, рав, куҷое ки почакат расад – рав, бо ҳамон тарошаат рав, ба ман ҳам, масалан гӯем, нонхӯри барзиёдӣ даркор не...
Қосимҷон умуман як бачаи вазнину ҳалим буд, ҷангу ҷанҷолро дӯст намедошт, ҳеҷ вақт ба гапи кас гап намегардонд, вале ин дафъа, аз афташ, корд рафта ба устухонаш расид, ки худашро дошта натавониста гуфт:
– Чӣ гуфтед, ако? Наход ман ҳамин қадар хизмат карда, имрӯз нонхӯри барзиёдӣ шуда бошам? Аз саҳар то нисфи шаб ором нагирифта ҷунбаму...
– Ӯҳӯ! – сухани Қосимҷонро бурида бо ханда нидо кард тағоиям, – Хеле усто будааст муаллимат! Забонат анча дароз шуда мондааст-мӣ? Боракалло, Қосимбой, боракалло! Канӣ, гап задан гиред, мо ҳам камтар гап ёд гирем!
Қосимҷони бечора, ки гапаш ба даҳонаш монда буд, суп-сурх шуда менишаст.
– Рост, – гуфт оҳанги гапашро ҷиддӣ карда тағоиям, – рост, кори чойхона кори сабук не. Лекин, охир, туро ҳеҷ кас ба сутуни чойхона баста намондааст. Гап ҳамин, Қосим: агар ба ту маъқул набошад, рав, ба куҷо ки хоҳӣ, рафтан гир. Исо ҳам ба роҳи худ, Мӯсо ҳам!
– Ҳамту гӯед... – гуфта монд Қосимҷон, ки ҳеҷ интизори чунин анҷом набуд...
– Ана ҳамту! – гуфт Абдулатиф.
Қосимҷон дигар чизе нагуфта, оҳиста аз ҷояш хесту бо сари хам берун рафт.
Ман ба худ омада оҳиста гуфтам:
– Кори нағз нашуд-дия, тағо. Бечорая хафа кардед...
– Ту корат набошад, ҷиянам, – гуфт дар ҷавоб Абдулатиф-тағо. – Рав, рафта хоб кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё