ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Ҳӯ аз зоида шуданат пушаймон шудагӣ! – гуфт боз Шокиртароша. – Ландаҳур!
Шабона, дар сари хӯрок, Қосимҷон оҳиста сар бардошта, илтиҷокорона ба тағоиям гуфт:
– Ако, кай ба ман ягонта пойафзол гирифта медиҳед?
Абдулатиф-тағо, ки аз хонаи Одилмагазинчӣ кайфаш хеле баланд шуда омада буд ва чашмонаш хумор мешуданд, як ба пои Қосимҷон нигоҳ карду гуфт:
– Мегирем, уко, мегирем... Андаки дигар сабр кун...
Қосимҷон даме таваққуф карда, боз гуфт:
– Шокир-ако имрӯз бисёр хорӣ кард...
– Ҳа, чӣ мегӯяд?
– Мегӯяд, ки ана вай... Абдулатиф-ако ба поят ягон чиз харида диҳад намешавад? Муллоҳасан ҳам буд, – гӯён маро шоҳид овард Қосимҷон.
Тағоиям лабханд карда гуфт:
– Ҳм... ҳамту гуфт? Харқишлоқӣ...
Ранги Қосимҷон канд.
– Лекин, – гуфт лаҳзае хаёл карда истода тағоиям, – лекин, «Абдулатиф-ако» нагуфтагист-куя? Вай тароша мурад ҳам мана «ако» намегӯяд... Чӣ гуфт? А? Канӣ, росташа гӯ?
Қосимҷон дам намезад.
Тағоиям ба ман рӯ овард.
– Чӣ гуфт?
Аммо дид, ки аз ман ҳам садое намебарояд, аз пурсуҷӯ даст кашиду чашм ба косаи холӣ дӯхта, дуру дароз хаёл карда монд.
Ман ҳис мекардам, ки ҳозир гуфтугӯи ҷиддие рӯй медиҳад. Тағоиям ҳарчанд, ки хеле нӯшидааст, овозашро баланд намекунад, дашному ҳақорат намедиҳад (вай ҳар қадар арақ, хӯрад ҳам, маст намешуд), вале бо гапҳои мулоим Қосимҷони бечораро хуб қин мекунад.
Тахмини ман дуруст баромад.
Тағоиям хуб фикр карда нишаста, баъд гуфт:
– Қосим, уко, якум рӯзи ба Зарчашма омаданат ба хотират ҳаст? – ва аз ҳамон рӯзи ба Зарчашма омадани Қосимҷон чӣ нағзиҳо кардани худро як ба як ба ёд овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё