ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо чунин мешуд, ки Абдулатиф-тағо, ҳамон рӯзҳо ё пули барзиёдӣ намеёфт, ё ба шаҳр мерафту илтимоси Қосимҷонро фаромӯш мекард ва ё патинкаи дуруст пайдо карда наметавонист.
Як рӯз Қосимҷон чойникҳоро регшӯ карданӣ шуда ба лаби дарёча фаромад, аммо дере нагузашта лангонлангон бо пои хуншор баргашта омад.
– Шиша бурид... – аз дард рӯяшро бурма карда ҷавоб дод ӯ ба нигоҳи саволомези ман.
Ӯ ба пояш йод рехта, бо як латта баста монд.
– Хайрият, дар поям ҳеҷ чӣ набудааст, набошад ба ямоқчӣ пул додан лозим мешуд. – гуфт ӯ шӯхӣ карда. Вале чашмонаш дар ин лаҳза аз чи ҳиссиёте пури об шуда буданд.
Бегоҳӣ, чун одат, Шокиртароша омад. Тағоиям набуд.
Вай рӯзона ба идораи кон рафта, аз он ҷо бо димоғи сӯхта баргашта буд. Ба мо нагуфт, ки дар идора чӣ гап шуд, аммо ман баъдтар фаҳмидам, ки ӯро сарзаниш кардаанд, ки дар чойхона газетаву китоб нест, чаро шоҳмоту шашка намехарад, чойхона барои истироҳати коргарон аст ё барои кайфу сафои ӯ... Тағоиям то бегоҳӣ хиратабъ шуда нишаста, баъд чойхонаро ба Қосимҷон партофта ба хонаи Одилмагазинчӣ рафт.
Шокиртароша лангида-лангида роҳ гаштани Қосимҷонро дида, фурсате ба пои латтапечи ӯ нигоҳ карда истода гуфт:
– Ҳа, боз чико кард? Ланг шуда мондӣ?
– Шиша бурид, ако... – гуфт оҳиста Қосимҷон.
Шокиртароша даме ришчаашро даст-даст карда истоду баъд бо овози нофорами худ ба сари Қосимҷон, ки чойники чойро ба пеши ӯ мемонд, дод зад:
– О гӯли Худо! Ба ана вай хушмӯйлабат гӯӣ намешавад, ки ба поят ягон чиз харида пӯшонад? Чӣ, давлаташ кам мешавад? – ва ногоҳ ба тарафи ман, дурусттараш ба туфлии нави ман нигоҳ карда гуфт:
– Хешбачаи худашро-ку пойлуч сар дода намондааст.
Ман ба ин дӯғи ӯ бо нигоҳи пурхашме ҷавоб додам.
Қосимҷон бошад, сарашро хам карда, ҳарфе назад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё