ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Оқибат қай кардаму ором гирифтам ва то пагоҳирӯзӣ наҷунбида хоб кардам.
Аз он ҳодисаи майхӯрии нахустинам дар хотири ман танҳо фарёди «Аз барои!..», бӯи турши қай ва як ҳисси кароҳат боқӣ монд, гӯё ки ба ягон чизи ифлосе олуда бошам.
ВОҚЕАИ ПАТИНКА
Ман дар тамоми муддати омаду рафт карданам ба Зарчашма ягон бор ҳам надида будам, ки Қосимҷон ба пояш чизе пӯшида бошад. Ӯ пойафзол надошт.
Фасли тобистон дар шаҳр ҳаво бисёр гарм мешавад, ҳатто шабона ҳам аз гармӣ халосӣ нест, аммо чунон ки дар боло гуфта гузашта будам, обу ҳавои Зарчашма аз шаҳр дида басе салқинтар буд, шабҳояш бошад, ҳатто хунук мешуд, ба дараҷае ки дар берун кас бе як қабат кӯрпа хоб карда наметавонист.
Ғайр аз ин Зарчашма, ба қавли тағоиям, як ҷои «сангистон» буда, сангу сангмайдаи тезу серқирраи он ба пои луч хеле сахт мерасид. Ба гирду атрофи Зарчашма бошад, бе пойафзол баромадан ҳеҷ имкон надошт. Хусусан, хорканаи калон-калонаш бисёр буд, ки агар мабодо ба пой халад, ду-се рӯз дард кунонда мегашт.
Қосимҷон бе пойафзол, албатта, хеле азоб мекашид.
Кафи пойҳои ӯ торс-торс кафида, ҳамеша як-ду нохунаш кӯчидагӣ буд.
Аммо сарфи назар аз ин ҳама ба Қосимҷон, ки як йигити каппа-калон шуда буд, умуман пойлуч гаштан намезебид. Ӯ ҳамсинну ҳамсолони худ – коргарони Зарчашмаро медид, ки сару либос ва пойафзоли ду кас диданӣ пӯшида мегаштанд ва афти кор, ба либоспӯшии онҳо ҳавасаш меомад.
Қосимҷон чанд маротиба дар пеши ман ба Абдулатифтағо гуфта буд, ки:
– Ако, якта пойафзол гирифта медодед...
Ҳатто боре ман худам ба тағоиям аз ин хусус гап зада гуфта будам, ки ба Қосимҷон ягон патинка гирифта диҳед хуб мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё