ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Имшаб дар хоначаи худамон як зиёфатча мекунем, ҷиянам, – гуфта буд ӯ даҳони чамадончаро маҳкам карда истода.
Чойхонаи Зарчашма бе он ҳам хеле барвақт, соатҳои даҳи шаб пӯшида мешуд, чойхӯрон, ки ҳама мардуми коргар буданд, рӯзона хеле кӯфта мешуданд ва ҳаракат мекарданд, ки ҳар чӣ барвақттар хоб кунанду барвақттар аз хоб хезанд. Аммо он рӯз чойхона аз ҳарвақта пештар маҳкам шуд.
Абдулатифт-тағо чойхонаро маҳкам карда, ба ману шогирдаш фармуд, ки ба дег алав карда истем ва худаш баромада рафта, пас аз фурсате панҷ-шаш касро ҳамроҳаш гирифта овард.
Аз меҳмонон ман танҳо ду касро мешинохтам, ки ба чойхона бисёр омада мерафтанд. Яке аз онҳо Одилмагазинчӣ ном дошт, ки дар дӯкони нони ҳамин ҷо кор мекард.
Вақте ки тағоиям меҳмононро шинонда берун баромад, ман аз ӯ пурсидам:
– Инҳо кӣ, тағо?
Аммо тағоиям ба саволи ман ҷавоб надода гуфт:
– Ҳезум кам барин, ҷиянам, камтар тароша биёр.
Фаҳмидам, ки саволи ман бемавқеъ будааст.
Тағоиям ба назди меҳмонон даромада рафта буд, ки ман ҳамон саволро ба Қосимҷон додам.
– Ошноҳои худашон ҳамааш, – гуфт Қосимҷон. – Фақат яктааш бегона, ҳамон қаддарози сарлучаш. Лекин ман вайро мешиносам, дар анбор кор мекунад, ба наздикӣ омад худаш.
Баъд, хеле хомӯш истода, илова кард:
– Хуб одами усто-куя, ҳамин Абдулатиф-ако! Морро ҳам аз хонааш мебароранд.
Шӯрбо пухта буд, ки ман ҳам ду косаро гирифта, аз паси тағоиям ба пеши меҳмонон даромадам. Аз остонаи хона ба дарун қадам монда салом додам.
– Ин ҷияни мо мешавад, – гӯён ба меҳмонон шиносонд маро Абдулатиф-тағо.
Ман косаро ба тағоиям дода берун рафтанӣ шуда будам, ки Одилмагазинчӣ ба ӯ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё