Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҳо дар хона менишастанд.
Абдулатиф-тағо, ду-се кас аз ошноёни ӯ, ки хабар карда омада буд, Карим ва ман дар рӯи суфа ҷой гирифта будем. Дар байни ошноёни тағоиям Султоналихон ҳам буд, ки баробари нишастанаш даст бардошта, барои «кушоиши кори ман, бою бадавлат шудани ман» дуо кард. Ӯ ба сар салла баста, ба ҷои шиму пиджак, куртаэзори сафед пӯшида буд. Дар миёнаш – рӯймол, дар пояш ба ҷои патинка – кафш. Дар банди дасташ – тасбеҳ овезон. Ман аз чашмони сурхшуда ва бӯи даҳонаш пай бурдам, ки боз арақ хӯрдааст. Вале дар ин шаби хурсандӣ Султоналихон барин як одами беҳуда ҳам ба назарам нағз менамуд.
(Ман сонитар хурсанд шудам, ки ҳамон шаб дили Султоналихонро бо ягон гап озор надодам: баъди ду-се рӯзи гӯсфанд куштанамон боз ба шаҳр омада, аз модарам чунин хушхабар шунидам, ки «тӯраро ҳам ба аскарӣ гирифтанд»).
Ба даробарои модарам, ки хӯрок бароварда, косаву табақи холиро ба хона гирифта мерафт, нигоҳ карда, ба гуфтугӯи гарму ҷӯшони занҳо, ки аз тиреза мебаромад, гӯш андохта, нигоҳҳои қаноатмандона ва суханҳои ботамкини тағоиям ва ошноёни ӯро дида, қабат-қабат гӯшт мегирифтам, ки сабаби ин ҳама хурсандӣ мебошам. Дар ин шаб ман аз ҳама хурсанд будам: ҳам аз модарам, ҳам аз худам, ҳам аз меҳмонон. Вале беш аз ҳама аз тағоиям розӣ будам. Дар ҳақиқат маро ба ин хурсандӣ расонидагӣ ҳамин Абдулатиф-тағо аст. Ба ман дилаш месӯзад, мехоҳад, ки ман одам шавам. Аз хонаи худаш ҷо дод, обу нон дод, кор ёд дод. Боз ман гоҳо ба гапи Абдулатифтағо намедароям, гарданшахӣ мекунам...
Пагоҳии рӯзи дигар мо як сабад ангуру як ҷувол бодиринг гирифта, боз ба Зарчашма баргаштем.


Он рӯз тағоиям бо ханда «ҳаққи қассоб» гӯён як парчаи калон гӯштро ба чамадончаи фанеринаш андохта гирифта буд. Аз бозор ҳам биринҷу сабзӣ гирифта, низ дар чамадонча ҷой кард.

пешина
аз 130
навбатӣ