ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ман ба пули худам, ба пуле, ки худам ёфтаам, гӯсфанд мехарам! Мурғ не, буз не – гӯсфанд, як гӯсфанди калони чандҳазорсӯма!..
Соате нагузашта ман аз ҳамон кӯча боз гашта ба тарафи хонаамон қадам мезадам. Дар дасти худ нӯги арғамчинро маҳкам дошта гирифта будам. Аз паси ман як шишаки пешонақашқаи фарбеҳ фаш-фашкунон меомад, ки дунбаи калонаш ларс-ларс мекард.
Пеш-пеши ман бо қадамҳои калон-калон Аблулатифттағо мерафт. Аксари одамоне, кн аз пешамон мебаромаданд, бо овози баланд ба тамоми кӯча шунавонида мепурсиданд:
– Насиб кунад, чанд пул савдо шуд?
Тағоиям низ бо овози баланд ва мад кашида ба саволи онҳо ҷавоб медоду бо табассум гашта ба ман нигоҳ мекард. Дар нигоҳи ӯ аломати хушнудӣ ва меҳру муҳаббати падаронаро дида, ман ҳам ба табассуми ӯ бо табассуми миннатдорона ҷавоб мегардондам.
Модарам моро дар сари кӯча пешвоз гирифт.
Бачагони маҳалла, ки дар кӯча бозӣ карда мегаштанд, моро дида, «Ҳасанино гӯсфанд гирифтаанд!» гӯён ба хонаашон давида мерафтанд.
Модарам чунон шод, чунон бехуд шуда буд, ки гоҳ сару рӯи маро сила мекард, гоҳ сару рӯи гӯсфандро.
Он рӯз дар ҳавлии мо гӯё ки тӯй шуд.
Модарам занҳои ҳамсояро хабар карда буд, ки «имрӯз гӯсфанд мекушем». Ҷӯраам Карим ҳам ба ёрӣ омада буд.
Гӯсфандро худи Абдулатиф-тағо кушт.
Гӯсфанд хеле фарбеҳ баромад. Гӯшту равғани ӯ якчанд тағораю тағорачаро пур кард. Ҳавлиро бӯи пашми сӯхта ва равған фаро гирифт. Занҳо каллаю почаи гӯсфандро месӯхтанд. Ҳурбибӣ-хола пӯсти гӯсфандро дар тағораи оби ҷӯш андохта, пашмашро меканд.
Модарам пӯстро, ки як қабат равған дорад, баъд майда карда қоқ мекунад, ки дар зимистон барои палав ҷудо соз мешавад. Ин чизро мо «пӯстдунба» меномем.
Бегоҳӣ каллашӯрбо карданд. Аз болои каллашӯрбои серравған ҷазза хӯрдем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё