ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
назар ғоиб шудани шинелпӯш аз паси ӯ нигоҳ карда монда будам, нохост бадбахтии худамро ба хотир оварда, ба худ омадаму аз дар чашм канда, ба калони милитсионерон нигоҳ кардам ва дидам, ки ӯ чашмашро ба ман дӯхтааст.
Аммо акнун қиёфаи ӯ ба куллӣ тағйир ёфта буд, дигар на бадқаҳр менамуд ва на хашмгин. Тамом осуда шуда буд.
Вале, бо вуҷуди ин, тарсу ваҳми ман зӯртар шуд, ки суст нашуд. Овози ғафси бадҳайбати ӯ гӯё ҳанӯз дар хона садо медод ва дӯғу пӯписаи ӯ, ки ҳамин ҳоло шоҳидаш шуда будам, ҳанӯз аз пеши назарам нарафта буд.
Акнун ҳоли мани бечора чӣ мешавад? Ин марди қавоқовезони рӯяш суп-сурх, ки аз даҳшати овозаш гӯши кас баста мешавад, маро ба чӣ балоҳо гирифтор мекарда бошад? Худоё, худовандо...
– Хӯш, гуреза, – риштаи хаёлоти пурбими маро канда гуфт ӯ ногоҳ, – куҷо мерафтӣ?
Намедонам, аз чӣ буд, ки якбора дар дилам умед пайдо шуд. Дар овози ӯ аз дӯғу пӯписа осоре намонда буд.
Ҳатто фикр кардан мумкин буд, ки ӯ бо ягон шиносаш гап зада истодааст.
– Натарс. Натарс. Гап зан, – гуфт ӯ боз. Вале ҷавоби маро нигарон нашуда, худаш савол дод: – Аз Чорчинор кай баромада будӣ? Ман бо ҳайрати беандоза гашта пурсидам?
– Аз Чорчинор? Аз кучо донистед, ки ман чорчинорӣ ҳастам?
Ӯ зери лаб қаноатмандона табассуме карда, гавдаашро ба кифтаки стул такя доду гуфт:
– Ҳ-м... Аз тӯпиат. Танҳо тӯпии чорчинориҳо ин хел гул дорад. Хӯш... – гӯён мад кашид ӯ ва ногоҳ қиёфаашро ҷиддӣ карда, гӯё, ки худ ба худ гап зада истода бошад, гуфт:
– Аз афту андомат маълум, ки безорӣ нестӣ... Хӯш, акнун гӯй, куҷо мерафтӣ?
Ман, ки ба муомилаи хуши ӯ мафтун шуда будам, беихтиёр, ҳатто фикр накарда гуфтам:
– Ба фронт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё