ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо милитсионери калон бо як оҳанги бепарвоёна гуфт:
– Хайр, монда рав, – ва ба сӯи ман як назар афканда, илова намуд:
– Шин, бача, – баъд боз бо марди шинелпӯш машғул шуд.
Мардак мегуфт, ки ӯ савдогар нест, худаш кор1 мебофад, аз худи «рафиқи началник» гап намемонад, ки солу замона чӣ хел аст. Ҷанг, қимматӣ; ӯ хостааст, ки ду-се либос кор бофта, бачаҳояшро пӯшонад, барои тайёрашро харида пӯшидан зӯри ҳар кас намерасад, охир. Худи «рафиқи началник» ҳам бояд одами рӯзгордор бошанд, бояд ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.
Аммо «рафиқи началник» гӯё ба гапҳои ӯ заррае ҳам бовар намекард. Ӯ дағалона миёни гапи марди шинелпӯшро бурида гуфт, ки рӯбоҳбозӣ накарда, беҳтараш кушоду равшан гӯяд, ки ресмонро аз кӣ гирифтаасту ба кӣ бурда «об» карданӣ буд.
Марди шинелпӯш бошад, бо овози маҳину ҳазинаш боз ҳамон гапҳоро такрор мекард, ки аз кӯчаи савдогарӣ нагузаштаасту барои худаш, танҳо барои худаш кор бофтанӣ будааст.
– Баред! – Ногоҳ овозашро баланд сар дода, ба милитсионере, ки назди дар менишаст, фармон дод милитсионери калон. – Як шаб хоб кунад, ана баъд ақлаш медарояд!
Шинелпӯш, ки рангу рӯяш дока барин канда буд, чизе гуфтанӣ шуда даҳон кушод. Аммо милитсионери калон ба ӯ фурсати гап задан надода, фарёд кард:
– Баред!
Марди шинелпӯш ба сӯи дар рафта истода, ба зонуи ман дакка хурд; чашмонаш гӯё ҳеҷ чизро намедид; дар лабонаш ҳамон табассуми тамаллуқкорона нақш баста монда буд, ки акнун ҳеҷ ҷои даркорӣ надошт, бемавқеъ буд.
Ман, ки даҳонамро калон кушода, то дар роҳрав аз
- Шоҳӣ, алоча ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё