Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

майдабофтаи ҳамсинфам Мукаррама намудор шуда рафт. Вале аҷоибаш ин ки ман танҳо қади баланд ва кокули дарози Мукаррамаро ба хотир оварда тавонистаму бас.
Пештар ман ҳам дар қатори бачаҳои мактаб ӯро:
– Му-кар-рам Барги карам,
Му-кар-рам
Барги карам, – гӯён масхара мекардам, аммо қариб як сол мешавад, ки ман ӯро нағз мебинам ва бисёр вақт хаёл мекунам, ки мо калон шуда, зану шӯ шудаему ман аз кор омада хоб кунам, ӯ бачаҳоямонро ҷанг карда мегӯяд:
– Ҳой, ҷавонмаргҳо! Шавқун накунед, дадаатон бедор мешавад.
Ҷангро, ки тамом карда омадам, рост ба хонаи Мукаррамаино меравам. Дар поям мӯзаи ғарч. Дар камарам таппонча. Сари синаам пур аз орден. Як дастам нест ва ман нӯги остини холиро ба тасмаи командирӣ тиққонда мондаам. Ҳама ба ман нигоҳ карда, даҳонашонро калон кушода мемонанд. Не, беҳтараш ду дасту поям бутун бошад... Гурс-гурс қадам монда, ба хонаи Мукаррамаино медарояму дастамро ба чакаам бурда, ба ӯ салом медиҳам.
...Аммо баъд аз салом чӣ кор карданамро ҳанӯз фикр накарда будам, ки зина ба ларза омад. Поезд ба роҳ даромада буд!
Ман аз хурсандӣ ба пӯстам намеғунҷидам. Ман – савори поезд ҳастам! Бе пул, бе билет, бе ҳеҷ чиз дар поезд рафта истодаам!
Аммо шодию хурсандии ман дер накашид.
Ҳанӯз шаб нисф нашуда буд, ки поезд ба як стантсияи хурдакаки ифлосу чиркине омада истоду аз куҷое як милитсионер пайдо шуда, маро аз зинапоя кашола карда фаровард ва гӯё, ки ман ягон дуздбача ё худ кисабуре бошам, аз гиребонам сахт дошта, кашон-кашон ба кадом як ҷое гирифта бурд.
Ман бо як азобе гоҳ-гоҳ ба ақиб нигоҳ карда, зорию тавалло мекардам, ки маро сар диҳад. Ман чизи касеро надуздидаам, ба ҳамёни касе даст наандохтаам, гуноҳе надорам.

пешина
аз 130
навбатӣ