ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
МАРДЕ, КИ БА ДАҒАЛИАШ ҲАМ ТАРАФ
НАБУДУ БА НАРМДИЛИАШ ҲАМ
Воқеа аз ҳамин сар шуд, ки ман бо модарам ҷанг карда аз хона гурехтам.
Рости гап, ман кайҳо қарор дода будам, ки ба фронт равам, мисли бачаҳои нотарсе, ки дар кино медидам, ҷанг кунам, душманҳоро қир кунам, ном барорам.
Он рӯз модарам аз қабати кӯрпа ҳашто даҳсӯмиро бароварда, як шишаро доду маро ба бозор, барои равған фиристод. Кай медонистам, ки равғанфурӯш, он беимони сафедриш, маро соз карда фиреб медиҳад? Гашти рӯз модарам равғанро ба дег андохта алав гиронда буд, ки равған часар-чусур карду нест шуду монд. Пиракии маккор ба ман равған гуфта, чои фомилиро пур карда будааст. Ба доду фиғони модарам аввал хуб тоқат карда истодам, аммо баъд аз он, ки бо оташгирак ба фарқи сарам фаровард, ҷонам баромада рафт. Аз хешу ақрабои модарам як-ду касро ҳақорати обдоре додаму давида ба кӯча баромадам. Ман, ки ҳанӯз аз остонаи дарвоза берун набаромада, ба гурехтан аҳд карда будам, лаҳзае ҳам фикру хаёл карда нанишаста, рост ба вокзал роҳ зер кардам.
Бахтам омад кард.
Ба вокзал расиданам ҳамон фаш-фушкунон як поезди кабуди одамкашонӣ омада истод.
Дидам, ки на танҳо даруни вагонҳо, балки зинаву боми онҳо ҳам аз одам пур аст, аз тарафи дигар, аз тарафи торикӣ поезд омада, ман ҳам ба зинаи вагоне часпида гирифтам. Дар рӯи зина дурусттар ҷойгир шуда, ба хаёл фурӯ рафтам. Дар як он воқеаи равған аз сар то охир аз пеши назарам гузашт. Баъд фикран бо модарам, бо тағоиям, бо ҷӯраам Карим, ки бачаҳои маҳалла «Карим калпеса1»-аш мегуфтанд, хайрухуш кардам.
Нохост дар пеши назарам қомати баланду кокулҳои
- Калпеса – калтакалос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё