Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тарҳи ҳусну ҷамоли хеш магар
Баста буд аз баҳори хушманзар?

Дидамаш: рух ба сони лолаи тар,
Бар сари худ ниҳода гулчанбар,
Шохи олучаи пур аз гулро
Бо ду дасташ гирифта пеши назар.

Карда аз байни он нигоҳ ба ман,
Бо табассум бигуфт як-ду сухан.

Даст болои чашм бинҳодам,
Ҳушу ёдам ба сўи ў додам.
Ҳарчӣ ў гуфт ман нафаҳмидам,
Мисли ҳайкал хамўш истодаам.

Ин дили содаам ба шўр афтод,
Пеши чашмам ҷаҳони тоза кушод.

Ишқ бо ранги нав, ба тарзи дигар,
Шуд бароям аз он баҳорон сар,
Бурд аз сар ҳавои маҷнунӣ,
Дар бари дил хурўши барқу шарар.

Будам аз ҳар назорае хурсанд,
Меҳри ман гашт бар ҳаёт дучанд.

Лаҳзаҳои аҷиб дар ёдам,
Рози дилро чӣ гуна бикшодам,
Ишқбозии маҳрамонаи ман
Монда з-он рўзҳо, ки дил додам.

Боҳаё шарм садди роҳам буд,
Ёди ў ҳамнишини оҳам буд.

Гар ба рўяш нигаҳ кунам боре,
Ба гумонам, ки чашми бисёре

пешина
аз 163
навбатӣ