Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МАН ИНТИЗОРАМ

Рўзи муборак фасли баҳорон,
Рафтам ба колхоз назди ту меҳмон,
Дорам ба хотир, гуфтӣ, ки: «созем
Қасру биноҳо, бастем паймон».

Ширин нигорам, Бар шўҳрати ту Ман интизорам, Ҷонакам, ман интизорам!

Бо илтифоту ширинзабонӣ Кардӣ ҳикоят бо меҳрубонӣ.
Аз орзуҳои навҷавонӣ, Аз кори колхоз, аз зиндагонӣ.

Ширин нигорам, Бар шўҳрати ту Ман интизорам, Ҷонакам, ман интизорам!

Дар ёд дорам он рўзи некў,
Кардӣ иморат бо шаъну обрў,
Кори ту донӣ беҳад зиёд аст,
Донистам инро ҳам аз гапи ту.

Ширин нигорам, Бар шўҳрати ту Ман интизорам, Ҷонакам, ман интизорам!
АЛЛА

Хоб кун, эй нури чашмам, роҳати ҷонам писар,
Нахли умрамро дар ин гулшан ту мебошӣ самар.

Боиси бахту умеду орзуҳоям туӣ,
Қаҳрамон шав, кордон шав, илм омўзу ҳунар.

Хобу роҳат нест шабҳо дар хаёлам баҳри ту,
Ҳамчу парвин менишинам рў ба рўят то саҳар.

Гир дар гўшат ҳамеша пандҳои модарат,
Бош дар ҳифзи Ватан машҳур монанди падар.

Гар кунӣ иҷро васиятҳои манро бардавом,
Ахтари бахтат дурахшон бод монанди қамар.

Гар бихоҳӣ шири поки модарӣ созӣ ҳалол,
Пеши халқу кишвари худ бош доим мўътабар!

пешина
аз 163
навбатӣ