Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НОРАК, МУБОРАК!

Назар кардӣ ба сўи ман ту боре,
Табассум карда гуфтӣ: – Аз Ҳисорӣ?
Дигар ҳарфе нагуфта монда рафтӣ,
Вале донам куҷоӣ, дар чӣ корӣ.

Аё, эй духтари зебои Норак,
Шудӣ овозаи дунё, муборак!

Агар хоҳӣ ба ҷону дил биёям,
Ба кори ГЭС дар наздат дароям.
Чунон меҳнат кунам ҳар рўз, ҷоно,
Ки то бар тахтаи фахрӣ бароям!

Аё, эй духтари барнои Норак,
Чунин бахту саодатҳо муборак!

Гирифта ҳарду ҷо дар соҳили Вахш,
Зи симҳо бофта мо кокули Вахш,
Ситора чида аз сар то ба домон,
Шавад аз барқ нурафзо дили Вахш.

Аё, эй духтари раънои Норак,
Туро ин фатҳу нусратҳо муборак!

Барояд Вахш ҳам то қуллаи кўҳ,
Шавад дар кўҳсорон об анбўҳ,
Фарояд ҷониби чўлу биёбон,
Ба ҷисми дашти беҷон медамад рўҳ.

Аё, эй духтари зебои Норак,
Туро нав боғу бўстонҳо муборак!
Зи Норак Тоҷикистон нур гирад,
Фаровон пахтаву ангур гирад.
Бубинам Данғара ё ин ки Ёвон,
Кадомаш ҳосилоти зўр гирад.

Аё, эй духтари донои Норак,
Чароғи шаҳрҳои нав муборак!

Аё, эй духтари маҳрўи тоҷик,
Аё, эй дилбари хушрўи тоҷик,
Ба васфат Боқии дилдода, бингар,
Нависад шеъри нав дар тўи тоҷик.

Аё, эй духтари барнои Норак,
Шудӣ овозаи дунё, муборак!

пешина
аз 163
навбатӣ