Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТЎЙ МУБОРАК!

Водиву кўҳу даман, барзану боғу чаман,
Растаи сарву суман карда зи гул пираҳан.

Бар ҳамаи марду зан,
Бар ҳама аҳли Ватан
Тўй муборак шавад,
Тўй муборак шавад!

Шаҳру деҳи дилкушо ёфта нашъунамо,
Гашт аҷаб дилрабо, гашт аҷаб ҷонфизо!

Бар ҳамаи марду зан,
Бар ҳама аҳли Ватан
Тўй муборак шавад,
Тўй муборак шавад!

Дўст, ба ҳар сў нигар, қудрати дасти ҳунар
Карда замонро дигар, дода ҳунарро зафар!

Бар ҳамаи марду зан,
Бар ҳама аҳли Ватан
Тўй муборак шавад,
Тўй муборак шавад!

Зеби назарҳост ин, зеби асарҳост ин,
Тўйи ҳунарҳост ин, тўйи зафарҳост ин.

Бар ҳамаи марду зан,
Бар ҳама аҳли Ватан
Тўй муборак шавад,
Тўй муборак шавад!
КАЙ МЕОӢ?

Нигоро, чаро ин қадар камнамоӣ,
Ки бар пурсиши ҳол наздам наоӣ,
Магар ин бувад хислати ошноӣ,
Ки мондӣ маро дар азоби ҷудоӣ!
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!

Магар фурсатат тангу кори ту бисёр,
Зи ман ё дили нозукат дида озор?
Намефаҳмам, эй меҳрубонам, чӣ асрор,
Туро ман надидам дар ин маҳ ягон бор.
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!

Дар ин рўзҳо ҳар тараф мешитобам,
Ки шояд ба бахтам хабар аз ту ёбам,
Ба ҷонат, ки ҷонона, дар изтиробам,
Бо ёди рухат рафта аз дида хобам.
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!

Ки аз дарсҳо имтиҳон дода аъло,
Магар рафтаӣ аз барои тамошо,
Ба Маскав ту, эй Нинаи зулфтилло?
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!

Гаҳи рафтани худ, нигоро, чӣ мешуд,
Хате менавиштӣ ту, ёро, чӣ мешуд?
Хабар менамудӣ ту моро, чӣ мешуд?
Сафар менамудем якҷо, чӣ мешуд?
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!

пешина
аз 163
навбатӣ