ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ИСТИҚБОЛ
Мо, ки дар пешинзамон рўзи сиёҳе доштем,
Сар ба сар дар зиндагӣ ҳоли табоҳе доштем.
Ҳастии одам ба меҳри поки мо пайваста буд,
Лек пеши кас гуноҳ аз бегуноҳӣ доштем.
Баҳри мо умре миёни рўзу шаб фарқе набуд,
Дар ҳарими сояи матлаб паноҳе доштем.
Шояд аз авҷи таманно наҷми иқболе дамид,
Асрҳо бар ҷониби гардун нигоҳе доштем.
Наслҳо мепарваридем аз раҳи сидқу вафо,
Баҳри истиқболи фардо азми роҳе доштем.
ОФТОБПАРАСТ
Ҳаргиз аз сел офтобпараст
Дар ягон ҷо намешавад пинҳон:
Лойи часпак ду пои ўро баст,
Об байни қаторҳо тозон.
Каллазард асту доғи кунҷиддор,
Саллазард асту гул ба сар дорад.
Наравад ҳеҷ ҷо зи рўи қатор,
Ки ба вай раъду барқ мефорад.
ФАСЛИ ИБРАТ
Камоли фаслҳои сол фасли тирамоҳон аст,
Замин зархезу шаҳдомез аз бозуи деҳқон аст.
Ба ҳар як хонадон пурнозу неъмат хони алвон аст,
Танинандоз ҳар ҷо тўю сури наварўсон аст.
Агарчи боғ ҳангоми баҳорон муғча бикшояд,
Вале дар обутоби тирамаҳ сархам ба бор ояд.
Азизам, тирамоҳ аз мазраи деҳқон гузар бинмо,
Баҳурмат ҳосили сарпанҷаи ўро назар бинмо.
Ҳамеша аз гузашти умри беҳосил ҳазар бинмо,
Баҳиммат хокро аз баҳри ёрон дурҷи зар бинмо.
Магар ин фасл Қорун аст, мўъҷиз раҳнамун дорад?
Ба ин як умри кўтаҳ сарвати аз ҳад фузун дорад?
Дило, аз ҳар гиёҳи тирамоҳон дарси ибрат гир,
Хазонаш ҳам муаммоест, дорад як ҷаҳон таъбир,
Надорад умри бемаҳсул ҳаргиз аввалу охир,
Бичидӣ аз баҳори пурсаховат чораву тадбир.
Ки ҳатто дар ҷавонӣ чун ниҳоли босамар бошӣ,
Ҳамеша чун дарахти зиндагӣ пуршоху бар бошӣ.
Ҳамон фасле, ки деҳқон мешавад аз ранҷи худ розӣ,
Фаровонии ганҷаш дида месозад сарафрозӣ,
На танҳо шўҳрати шеъри баланд аз нуктапардозӣ,
Ба ҳар як кору ҳар як касб лозим ишқу ҷонбозӣ.
Тамоми ранҷу ганҷи марди деҳқон поси хотир кун,
Саховатмандии ин фаслро бар хеш зоҳир кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё