ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ИН САҲАР
Рехт бар сар дурру гавҳар абри найсон ин саҳар, Шаҳрро дар ханда дидам баъди борон ин саҳар.
Аз дару девору боғу кўчаҳои сабзпўш Ҷилвагар шуд дар назар рўи баҳорон ин саҳар.
Кўҳсори тоҷикон дорад намуди дилкаше, Абр бар сар, ганҷ дар бар, гул ба домон ин саҳар.
Аз насими кўҳсорон шаҳр мегирад нафас, Медамад рўҳи наве дар ҷисми инсон ин саҳар.
Баски маҳ шабзиндадорӣ дошт мисли ошиқон, Дар уфуқ мегашт гаҳ пайдову пинҳон ин саҳар.
Об чун симоб бо сад печутоб аз тарфи кўҳ, Ҷониби саҳро равон бар пахтазорон ин саҳар.
Рамзи сулҳу дўстӣ – фавҷи кабўтарҳо нигар, Дар симои лоҷувардӣ болафшон ин саҳар.
Модари мушфиқ рухи фарзанди навзодаш бидид, Бо навозиш бўсаҳо бигрифт чандон ин саҳар.
Дилбару дилдодаро дидам, ки бо фармони ишқ Ҷовидон бастанд бо ҳам аҳду паймон ин саҳар.
Мерасад аз дарраи Варзоб ҳар соат ба гўш Шўху форам қаҳ-қаҳи кабки хиромон ин саҳар.
– «Муждаовар турнаҳо аз ҳосили аъло мудом» – Гуфт инро шод гашта марди деҳқон ин саҳар.
Аз пайи иҷрои кори нақшаҳои соли нав Одамон бар коргоҳи худ шитобон ин саҳар.
Баҳри касби илму асбоби ҳунар омўхтан Сўи донишгаҳ равон хайли ҷавонон ин саҳар.
Духтари тоҷик сарафроз дар оғўши бахт, Бо дили пур аз фараҳ бошад ғазалхон ин саҳар.
Нав ба нав зебо биноҳо, кўчаҳо, саҳни чаман Зебу зинат ёфта чун наварўсон ин саҳар.
Бар сари шаҳри азизам аз ҳавои беғубор Пуртароват файз меборад фаровон ин саҳар.
Боқӣ андар васфи ин субҳи дилоро шеър гуфт, Дод онро бар ҳавои бастакорон ин саҳар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё