Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧӢ ГЎЯМ?

Пурсад агар касе
Дар бораи сухан,
Гўям ба ў чунин,–
Ў ҳаст ҷони ман.
Гўям, ки духтаре
Чун сими беғаш аст,
Аз шўълаи рухаш
Дилҳо дар оташ аст.
Гўям ба рўи ў
Н-афкандаам назар,
Парвонасо варо
Кай гашта гирди сар?
Ман дўст дорамаш
Монанди ҷон ба ҷон,
Не чашми ў хумор,
Не ҳоли ў аён.
Гар рухсатам диҳад,
Гўям чунин сухан,
Гардидаам ман ў,
Ў гаштааст ман.
З-он дам, ки ишқи ту
Дар сина парварам,
Мехостам шавӣ
Келин ба модарам.
Оӣ ба хонаам
Бо шодию сурур,
Пошӣ ба манзилам
Аз чашмҳот нур.
Пурсанд, дилбаро,
Гўям чӣ дар ҷавоб?
Ё ин ки ишқи мо
Афсонаасту хоб?
СУРУДИ МАН

Сурудам – шоҳиди меҳру вафову аҳду паймонам,
Хушоҳангу фараҳбахш аст – мегўянд ёронам.
На ҳар як сатри ашъорам фурўзон з-оташи илҳом,
На ҳар як шеъри ман гашта суруд аз баҳри хосу ом!
Вале наҷме, ки булбул месарояд зери нури он,
Дилу табъи маро ҳам гоҳе-гоҳе мекунад рахшон.
Ҳар он чизе ки андар роҳи мақсудам дучор ояд,
Кунам васфаш, аз он шеърам равон чун чашмасор ояд.
Садои аҳли меҳнат дар сурудам мешавад такрор,
Садои кўдакони даври фирўзу навозишкор.
Ба оҳанги сурудам мешавад пайваста ҳамовоз
Садои дастгоҳи коргар бо мардуми колхоз.
Саёҳат мекунам чун мулки худро бо дили пурҷўш,
Зи ҳар сў сўзу овози сурудам мерасад бар гўш.
Баробар бо ҳаёти халқи пуршонам қадам монам,
Чу фарзанди садоқатманди ў бо аҳду паймонам.
Бувад то ҷон ба тан, бо аҳли меҳнат ҳамсафар ҳастам,
Ситода дар сафи аввал, қалам бигрифта дар дастам…
Баногоҳе шунидам як суруди дилкашу форам,
Ки меомад зи байни кўҳсору водии хуррам.
Суханҳои суруди хешро бишнохтам дарҳол,
Кабўтарворашон сар дода будам баҳри истиқбол.
Бигў бар ман, аё хонандаи саҳрои колхозӣ,
Писандат шуд магар, мехонӣ онро бо хушовозӣ?
Ҷавобам дод: «Ҳар як сатри ту бо маънии мавзун
Қарору сабр бурду кард дилро ин қадар афсун!
Бихондам аз сурудат васфи кори қаҳрамононро,
Бихондам аз сурудат васфи ишқи навҷавононро.
Сурудатро ба саҳроҳо бихондему ҳунар кардем,
Зи пахта ҳосили аъло гирифта, мо зафар кардем!»
Баногоҳе чу бишнидам суруди хеш, шуд пайдо
Ба ман фикре, ки ҷои шоир аст албатта, дар ин ҷо.
Равонам бо ҳаёт, аммо сурудам пештар гардад,
Умедам ин ки бо халқам ҳамеша ҳамсафар гардад.

пешина
аз 163
навбатӣ