ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Аз назди як мазор яке буда даргузар,
Се қабр дидаасту бар онҳо навиштаанд:
Шаш сол – умри як ва дуюм – ҳашт, даҳ – дигар,
Гуфт: ин чӣ умр бошад, к-ин сон гузаштаанд?
Не! Ин тилисми ҳайрату ё сирри дигар аст,
Тифлона синну солу вале қабрҳо калон,
Дар кашфи ин тилисми аҷоиб ниҳода даст,
Коре кунам, ки сеҳр бигардад ба ман аён.
Дар фикру дар хаёл фурў рафт раҳгузар,
Аз як тараф баланд шуд овоз ногаҳон:
«Донам, ки аз чӣ гашта ту дар фикр ғўтавар,
Ҳуш дор, то кунам ба ту ин розро баён!
Инҳо, ки хуфтаанд таҳи хоки ин мазор,
Умри дароз дидаву бигзашта аз ҷаҳон.
Лек аз ҳисоби умр гирифтанд дар шумор
Он солҳо, ки гашта ба мардум мададрасон».
Он марди раҳгузар чу шуд аз роз бохабар,
Як бор аз замир баровард ин садо:
«Бар рўи қабри ман бинависанд мухтасар:
Эй вой аз ин, ки ҳеҷ надид умру шуд фано!»
Ин нақл ибратест ба ҳар фарди некном,
Маънош ҳаст қимату афзун зи як китоб.
Хонандаи азиз, ба ёд ор бардавом,
Умри азизи хеш макун сарф беҳисоб.
Умре, ки сарфи хизмати мардум намешавад,
Бе нафъ мисли дуди хазон меравад ба бод.
Ҷони азиз, кўш ту, то ҷон ба тан бувад,
То некном бошию монӣ абад ба ёд!
Шояд ниҳоли мақсади ман дар баҳори умр
Дар боғи халқ гул кунаду бору бар диҳад.
Бинам ба рўзгор аз ин ифтихори умр,
Дар зиндагӣ ба халқ самар бештар диҳад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё