ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
БАҲОРУ ҶАВОНӢ
Ҷавонии пур аз тараб –
Баҳори файзбори ман.
Чу оби чашмасорҳо
Зулолу беқарори ман.
Ғизолаи рамидаӣ
Ба дашту кўҳсори ман.
Арўси фасли солҳо
Биё, ту дар канори ман.
Биё, ки дил супорамат,
Чу ҷон азиз дорамат.
Биё, ки аз қудуми ту
Фирор барфбод кард.
Замин нафас гирифтаву
Зи умри рафта ёд кард.
Ҷавонии дуборааш
Зи нав фараҳ зиёд кард.
Ба тан либоси махмалин
Гирифту чеҳра шод кард.
Ҷавонии матини ман,
Баҳори нозанини ман.
Зи рангу бўи оразат
Чакида шираи шубоб,
Табиату ҳаёт ҳам
Чунон гирифта обутоб;
Ки аз нигоҳи ҷилваҳо
Зи чашми хоб рафта хоб.
Ҳисоб на ҷавоние
Ки рафтааст беҳисоб.
Биё, ки аҳд бастамат,
Чу ишқ мепарастамат.
Чаро ки дар сиришти мо
Ҷавонии дубора нест?
Ба ҳеҷ боби зиндагӣ
Чаро, ки ин ибора нест.
Ба роҳи илми нав магар
Ягон илоҷи чора нест?
Бишав ба роҳи орзу
Ҷавониро ба ҷустуҷў!
Чаро, ки дасти одамӣ
Замонаро ҷавон кунад,
Баҳору сулҳ оварад,
Ба даҳр армуғон кунад,
Мутеи дасти хештан
Замину осмон кунад,
Хулоса ҳар чи хоҳад ў,
Илоҷи ину он кунад.
Ба ҷуз илоҷи кори худ,
Дубора навбаҳори худ.
Ҷавониё, ғаниматӣ,
Чу навбаҳор меравӣ,
Надида сер рўи ту,
Чу нози ёр меравӣ.
Нагуфта рози дил даме,
Зи мо канор меравӣ.
Чаро зи ман ҷудо шуда,
Ту соявор меравӣ?
Ба роҳи туст чашм чор,
Биё, ту ҳамраҳи баҳор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё