МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ба деҳаи Дизак, ки аз Нилу хеле поин воқеъ гардидааст, ба кадом маҷлису маъракаҳо рафта меомад.
Аҷибаш, ба мадади аскарони сурху одамони ҳукумат ў дар ин байн савод ҳам баровард.
Пас аз гурехтани Усмон Азиз ман акнун узви камсамол гуфта, бегоҳиҳо дар пеши масҷид баъзе хурду калони деҳаро ҷамъ оварда, ба онҳо хондану навиштан меомўхт. Лозим бошад, тарафи камбағалонро гирифта, ба одамони доро сурху сафед мешуд. Онҳо таҳдид карда, ба Соро-хола мегуфтанд, ки писари кофирашро ғундорад, вагарна...
Модар чандин бор қариб гириста, ўро аз раҳаш гардондан хост. Аммо даст афшонда, ҳатто хандида, Анвар ба вай дуруст гўш намедод.
– Шумо, очаҷон, парво накунед, ба ман осеб расонда наметавонанд, даври зўроварӣ гузашт... – мегуфт ва аз идроки худ намемонд.
Ҳамин тариқ вай гашт-гашту оқибат ба Самарқанд дусола хондан рафт. Ва тобистони парерсол дар Нилу пайдо шуда, аз хурсандӣ даҳонаш то баногўш, ба тантана фаҳмонд, ки хонданро тамом кардааст, ҷои кораш дар маркази ноҳия, вай акнун сарвари камсамол... ҳамин ки хонаи алоҳида гирифт, модари меҳрубонашро зуд кўчонда мебарад.
Анвар дар ҳақиқат баъди шаш-ҳафт моҳ, охирҳои зимистон, шоду бод:
– Шумо дар ин ҷо танҳо, ман дар он ҷо танҳо, – гуён Сорохоларо ба имрўза сарпаноҳаш кўчонда овард.
Ва ана, зиёда аз як сол мешавад, ки вай дар ҳамин манзил аст. Рафту Анвар аз вақти гуфтааш соате дер кунад, чашмаш дар дидори ў чор, намедонад худро ба куҷо занад. Ба сафар барояд-ку тамом – то омаданаш пакару парешон, сад бор мурда, аз нав зинда мегардад.
Ҳоло низ оҳиста-оҳиста айни чунин вазъият рўй медиҳад ўро... Барои чӣ писарашро нисфи шаб аз хоб бедор карданд?
Чаро вай аз назди калонаш ин хел серташвиш омада, боз саросема баромада рафт? Ва куҷо рафт? Кошкӣ сиҳат-саломат бармегашт...
Аслан ҳамин гирудор ба Анвар чӣ лозим буд? Мисли аҷдод-аҷдодаш аз пушти деҳқонӣ нон хўрда гардад, намешуд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё