Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғамгин буд, қариб ҳарфе намезад. Рўзи дароз дар хонаи алоҳида хобида, шабона аспсавор ба куҷоҳое мерафту аксар вақт ниҳоят хаста шуда, пеш аз намози бомдод бармегашт. Ба нигоҳҳои суоломези Усмон Азизу падараш:
– Коратон набошад, – мегуфт парешон ва боз ба хона даромада, дар қайди хобу хаёли худ танҳо мемонд.
Гоҳо ба назди вай аз деҳоти дуру наздик одамонн шиносу ношинос омада, қариб то саҳар сўҳбат мекарданд. Усмон Азиз намедонист, ки онҳо барои чӣ ин тариқ сарҷамъ мешаванд, дар кадом хусус ҳарф мезананд. Зеро додараш ба ваҷоҳати гирифта:
– Илтимос, моро танҳо гузоред, – мегуфт ва ўро аз остонаи меҳмонхона қафо мегардонд.
Бад-ин минвол аз байн чанд моҳ гузашту Сулаймон дар як рўзи тобистон, соате ки ба падару бародараш дар айвони баланд гирди дастархон менишаст, чуқур нафас кашида ва аз нони ҳанўз ношикаста чашм наканда, қатъӣ гуфт:
– Ман ба ҷанги куффор меравам. Агар хоҳанд, бародарам ҳамроҳӣ кунанд. Нахоҳанд, ихтиёрашон – зорӣ дораму зўрӣ не... Лекин азми ман ҷазм аст. Ин душманони дину оин то зарби шамшери мардуми мусулмонро набинанд, аз мақсади нопоки худ даст намекашанд. Мулкро тороҷ карда, масҷиду мадрасаҳоро касиф гардонда, занону духтарони моро ба кўча меандозанд. Ҳама расвои олам мешавем, номард ва рўсиёҳ мешавем... Дар чунин вазъият ғайр аз ғазо дигар илоҷ нест!
Падар аз қарори Сулаймон ҳайрон шуда, муддате ба сукут рафт. Сипас бехавфу хатар набудани ин намуд иқдомро далел гирифта, пирии худро низ ба миён андохта, ўро аз раъйаш гардондан хост. Аз оқибати сабукфикриҳо гуна-гуна мисол оварда, ҳатто оби дида кард. Вале Сулаймон гардан нафуровард. Ва рўзи дуюм, вақти азон, дар хўрҷине як қадар тўшаи роҳ гирифту беҳтарин аспро савор шуда, рў ба сўи сарнавишт рафт.
Усмон Азиз додарашро бағоят дўст медошт; ўро на камтар аз падар эҳтиром мекард. Вай, охир, бешак марди оқил буд – дар Бухорои шариф мехонд, илму фарҳанги замонашро нағз медонист...

пешина
аз 551
навбатӣ