МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Усмон Азиз тамасхур кард.
Не-е, ҳеҷ мумкин нест. Касе ки ақлашро дуруст кор фармуда, пайваста заҳмат кашида наметавонад, ҳаргиз ба дороӣ намерасад. Ин ҳукумат ба ягон аблаҳ ту камбағал гуфта, аз давлатманде даҳ гўсфанд гирифта диҳад ҳам, вай онро фардо ба панҷта меорад, рўзи дигар ба якта, рўзи сеюм ба ҳеҷ...
Зеро махлуқи бемағз аст, аз нодонии худ камбағалӣ мекашад. Барои доро шудан пеш аз ҳама ақли расову хулқи хуш, дасти сахту забони ширин лозим. Падару бобоҳои Усмон Азиз аз чунин сифатҳои шоиста бенасиб набуданд. Ва дар ҳеҷ ҳолат сипоси парвардигори меҳрубонро аз ёд намебурданд.
Худи вай ҳам ба даргоҳи худованди ҳозиру нозир пайваста шукр мегўяд, ки дар ин дунёи пурталотум аз модар беақлу тамиз наомадааст.
«Модарам, модари меҳрубонам!» – чашмонаш нам гирифта, пичирос зад Усмон Азиз.
Сиёҳмушкин ҳамин нидои бағоят пасти ўро шунид магар, ки гўшҳои хурд-хурдашро сих карда, оҳиста сар афшонд.
Усмон Азиз аз ҳушёрии ҷонвар дар самими дил болида, ногаҳон аз худ пурсид, ки оё вай монанди падару бобоҳояш ҳамеша зирак буд, чорасоз ва оқил буд. Не албатта – беақлиҳо дошт... Агар доно мебуд, банохост ҷои гармашро хунук карда, боз дар ин тарафҳо пайдо намешуд; ҳар қадар тоқатшикан бошад ҳам, гаҳу ногаҳ аз ҷоми ғарибиҳо заҳр чашида, то охири умр дар пеши зану фарзандонаш мемонд.
Ҳоло маълум нест, ки оқибати ин кўтоҳандешӣ то куҷоҳо мебарад ўро...
Онҳо дар оила се нафар буданд – ҳама аз як падару модар: худи Усмон, додараш Сулаймон ва хоҳараш Ороста.
Ҳар се низ савод доштанд. Ҳам аз ақоиди дин бохабар буданд, ҳам девони шайх Саъдиву хоҷа Ҳофиз барин бузургони гузаштаро хонда, ба осонӣ мефаҳмиданд, лаззат мебурданд. Ҳатто баъзе сатрҳои душвори мирзо Бедилро низ ба муҳокима мегирифтанд. Ва ин натиҷа аз саъю кўшиши раҳматӣ падар буд. Вай ба фарзандон худаш дарс медод. Сари онҳоро ба меҳр сила карда, мегуфт:
– Касе ки савод дорад, ҳеҷ гоҳ дарнамемонад.
«Лекин дармондем, сахт дармондем, – хаёлан ба падараш муроҷиат намуд Усмон Азиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё