Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд якбора ғазабаш ҷўшида, аз миёни арчаҳои баланд тозон гузашту ёнаи серсанги дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш паттаҳои заранг рўидаро бурида, ба мисли бод нишеб шуд. Вай то мадор дошт, ба мавзеи фалокат медавид; ба ҳамон маконе давида мерафт, ки ёри вафодораш Ғазаб оқибат қурбони тири ҷонгазо гардид.
Аз муқобил боди дабур вазида, ба димоғаш бўи хунро меовард; ба пашми тулакаш нопидром печида, онро парешон мекард. Модагург медавиду бўи тунуки оҳану борутро ҳам мешунид. Ва аз ин ғазабаш дуболо шуда, ба замину осмон лаънатҳо мефиристод.
Билохира вай чандин ёнаву ёла ва пастхамиҳои сербуттаро гузашта, ба мавзеи шинос расид ва харсангҳои онро низ чап дода гузашту пас аз каме ба канори ҳамон нишеби дароз баромад. Ва якбора бўи хун ғализтар шуда, пайваста ба боди мартуб димоғашро сўзонд. Модагург ҳаросида, таққӣ дар ҷояш истод. Маҳтоб ҳамчунон ба атроф равшанӣ мебахшид. Дар партави он ҳар як сангу буттаи нишебӣ баръало ба назар мерасид. Чашми барқнигоҳи модагург, ки аз баландӣ чун забонаи оташ ёнаро гўё мелесид, оқибат ба Ғазаб афтид: вай лўнда шуда, дар ҳамон ҷои фалокат ҳайрон мехобид. Аммо дар чӣ ҳоле...
Модагург бўи хунро боз ҳам бештар ҳис карда, тирвор аз баландӣ ба поин давид ва дар чанд ҷаҳидан худро назди Ғазаб расонда, аз манзарае ки дид, девона шуд. Ғазаби ў гург не, балки як халта гўшти соф буд; суп-сурх гўшти соф! Дуртар аз тобаи сиёҳ дар рўи сангҳои кабуд мехобид вай. Падари бачаҳояшро пўст кандаанд силоҳбадастони бераҳм! Покпокиза пўст кандаанд; ҳатто панҷаву нохунҳои тезашро бурданд. Дар зери равшании моҳи накоста дандонҳояш дароз, гиз ва даҳшатнок тофта, чун дами ханҷарҳои фўлодин ба таҳдид ҷило медиҳанд. Бале, омехта ба таҳдиди яксон... Ҳоло Ғазабро танҳо аз ҳамин дандонҳояш шинохтан мумкин; фақат ҳамин дандонҳои мустаҳкам боқӣ мондаанд аз он Ғазаби далеру тавоно.
Модагург мингосзанон гириста, чунон ки ба думаш оташ афтида бошад, дар атрофи худ бадард гирд мегашт. Гоҳ-гоҳ хуни болои сангҳо ва тани сарду бепўсти Ғазабро бўй мекашиду аз ранҷу алам ва аз ғояти раҳму шафқат бадтар девона шуда, боз гирд мегашт.

пешина
аз 551
навбатӣ