Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд вай муддате ба сурин нишаста, ба он чизе ки аз Ғазаб монда буд, дуру дароз нигарист; дигар оби дида намерехт, – хушк гардида буд чашмаи ашкаш, гўё тамоман...
Модагург ба осмон назар давонд ва маҳтобро ёфта, ба сўяш, чун ба сўи офаридгори ҳама вуҷуди зинда, аз мағзмағзи дилу ҷигар уллос кашид. Ба ин уллоси ҷонситон дараҳо паиҳам акси садо доданд. Вай боз уллос кашидан хост, ки ин чӣ бераҳмӣ! Вале натавонист: ба ҷои он аз гулўяш мингосе баромад, ки бештар нолаи беморро дар интизори марги ногузир мемонд. Пас модагург бархост ва тозон рў ба шахҳои баланд овард... Кори нашуданӣ шуд. Акнун дар ин ҷойҳо зиндагӣ кардан хавфнок аст. Оқибат мекушанд ўро, пўст мекананд, ҳа-а... бачаҳояшро ҳам мекушанд. Ҳоло вай бояд хар чи зудтар илоҷашро ёбад; то метавонад, онҳоро ба ягон манзили муносиб барад.
Ва овард – роҳи душворро тай карда, ба сад азоби тоқатшикан овард. Лекин ҳайҳот, ки чор рўз боз гуруснаанд. Дар ин муддат бачаҳояш луқмае ба даҳон нагирифтаанд. Ҳама умеди онҳо ба модар... Кошкӣ имрўз шикораш барор меёфт!
Се-чор суғури гаранг вохўрад ҳам, модагург аз тақдир ҳазор бор розӣ мешуд.
Вай, ки дар чунин хаёлҳо аз байни арчазори ғулӣ шитобон раҳ мепаймуд, баногаҳ хониши кабкро шунида, филҳол истод – ширин аст гўшти он парандаи кўҳӣ! – ва ҳарисона ба атрофаш чашм давонда, ҳаворо бўй кашид. Боз хониши кабк баланд гардид. Ин дафъа овоз аз поини дара меомад. Ба вай кабки дигаре ҳамчунон ҷавоб гардонд. Модагург аз нав ҳаворо бўй кашида, ба он сў нишеб рафтан мехост, ки ғафлатан ба машомаш бўи одаму арақи бадан нишаст. Сипас бўи сусти оҳан низ пайдо шуд.
Аз куҷо меояд ин дами мухолиф?
Вай фукашро боло карда, ба димоғи сўхтааш гашта ҳаво гирифт. Не-е, фақат накҳати гулу гиёҳ меояд, боз бўи тези арча... Ё ин ки бод ҷараёнашро тағйир дод?
Модагург акнун ба чор тараф тоб хўрда, дар диққат ҳаворо мешамид; бўи рутубат, роиҳаи обу алаф, насими хуши баҳорон...

пешина
аз 551
навбатӣ