Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модагург ба ҳарисии бачаҳояш ду-се дақиқа назар давонда истоду Ғазаби меҳрубон, Ғазаби дар рўи сангҳои сард якмаргшударо аз нав ба хотир оварда, дар дилу ҷигараш гўё дами корд, зор-зор мингос зада, ҷисми афгорашро монанди саги сўзанхўрда ба кунҷи ғор кашид. Ва дар ҳолате ки аз чашмони пурдидааш ҳамчунон ашки ҳасрат мешорид, сар ба паҳлу монда, хост камтар ғанаб кунад.
Вай чӣ қадар хоб рафт, – дуруст намедонад. Аммо хаёлаш, ки зуд ва нофараҳ бедор шуд; аз дарди пистон бедор шуд. Бачаҳояш боз ҳам якдигарро тела дода, гўшти хўрдаашон кам буд магар, чочҳои ўро монугир мемакиданд. Модагург аз қаҳр дандон сафед карда, «ғуу-урр!» – гўён пой партофт ва он носерамҳоро аз худ дур андохта, ба як дунё алам дар умқи дил бархост.
Даруни ғор торик буд. Маълум, ки шаб фаро расидааст.
Бачаҳояш ҳамон бетоқатӣ мекарданд. Модагург хамёза кашид ва айнан мисли он ки саг аз дарё гузаштан баробар танашро меафшонад, ҷисми тулакашро ду-се бор афшонда, ба даҳони ғор наздик шуд. Бачаҳояш дар шўру фиғон аз дунболи вай кашола гардида, мехостанд боз ба пистонҳояш часпанд. Вале модагург онҳоро аз пушти гардани ҳанўз беқувваташон як-як ба дандон гирифта, дар пешгаҳ партофт ва ба маънии то баргаштани вай ором бошанд, батаҳдид ғурида, аз ғор берун рафт.
Ҳаво андак хунук ва сернам буд. Модагург дар назди ғор истода, ба осмон нигарист. Маҳтоб рух намуда, ба сари шахҳои мазбуту арчазорони тира нури сарди кабудфом мерехт. Ситораҳо низ, ки дар сатҳи осмони қариб беабр ҷо-ҷо падидор шуда, аз дуриҳои дур чашмак мезаданд, ба назар ниҳоят сард ва бегона метофтанд.
Модагург ҳис кард, ки баданаш қадре меларзад. Вай дар ин фасли сол ҳеҷ гоҳ хунук намехўрд. Пас ҳоло чӣ шуд? Аз зўри ғам аст ин, ё аз рутубати ҳаво?.. Аз ғам аст! Аз тазйиқи дареғ... аз дарди ҷудоӣ, аз идроки танҳоӣ... Аҷаб рўзи сахт омад ба сараш!
Модагург оҳиста уллос кашид; чунон оҳиста, ки ҳатто худаш нафаҳмид – уллос кашид, ё мингос зад?

пешина
аз 551
навбатӣ