МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва гўшҳояшро хобонда, ба сўи шаш-ҳафт гўсфанде ки аз рама дуртар мечариданд, тирвор ҳамла овард. Баробари Ғазаб модагург низ – вай дар пастхамии сербутта мунтазири як имои ҳамсари худ мехобид – фавран ба по шуд. Аммо Ғазаб ба гўсфандон нарасида, садои тир баромад. Боз ва боз...
Чўпон ин дафъа танҳо набуд. Аҷаб, ки се нафар буданд онҳо. Ва ҳар се ҳам камон доштанд. Сагҳо ба гиркиш омада, аз байни рама ба тарафи Ғазаб метохтанд. Чўпонҳо низ ба нидоҳои «парон! аз қафо гузар!» девонавор медавиданд.
Гўсфандон аз ғояти тарс чӣ кор карданро надониста, гаранггаранг худро ба чапу рост мезаданд. Баъзе аз ҷонварон ҳайкалвор шах шуда, ҳатто маҷоли ҷунбидан надоштанд. Сагҳо дар ғазаб лоида, торафт наздик меомаданд. Он се нафар паёпай тир кушода, ҳамчунон медавиданд.
Бо вуҷуди ин Ғазаб аз қасдаш намегашт. Модагург аввал тарсида, тохташро суст кард; ҳатто қариб монда буд, ки сардаргум ба қафо рўй орад. Лекин баъд ҳар чӣ бодо бод! – гўён аз паи Ғазаб шуд.
Дар ин гуна лаҳзаҳо, беҳад хавфнок бошад ҳам, ба мадад шитофтан лозим, ҳатман... Вагарна чӣ маънӣ дорад меҳр бастан, якҷоя зистан, бача кардан?!
Масофаи байни Ғазаб ва сагҳои барзангӣ дам ба дам кўтоҳ мегардид. Модагург ба тамоми қувва мекўшид, ки ба падари авлодаш наздик шавад. Вале ин осон набуд: дар тохтан низ ҳамто надошт Ғазаб!
Аз чапу рост ва гоҳо аз болои сари онҳо тир парида мегузашт. Ҳаво пур аз бўи борут буд; бўи одаму оҳан ҳам меомад. Модагург ба мадади ёри вафодори худ мешитофт. Ҳомӣ шав онҳоро, фалак, шикамашонро гурусна намон, ба наслашон осеб нарасон...
Ҳамин вақт Ғазаб ба нахустин гўсфанд расида, маҳкам аз гулўяш гирифт. Пас онро дар таки пойҳои бақуввати худ андохта, шикамашро дарид. Ва ҳамоно боз садои тир баромад. Модагург ногаҳон ба буттае печида, фукаш дар замин бархўрд ва як ғел заду аз нав бархост.
Сагҳо ба Ғазаб хеле наздик шуда буданд. Аммо вай ба онҳо эътибор надода, гўсфанди аз пой даровардаашро пора мекарду пора...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё