Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сарвари оилаи тифоқ ва шикораш пайваста дар барор ниҳоят қурбони тир гардид, тир...
Ҳамин будааст кори дунё!
...Модагург бача кард. Пеш аз зоидани вай, баъд ҳам – дар муддати беш аз як моҳ – Ғазаб танҳо ба шикор баромада, онҳоро серу пур нигоҳ медошт: гоҳо нимта-нимта буз ё гўсфанд, ё худ ягон харгўш биёрад, гоҳи дигар дар назди ў ва бачаҳояш пора-пора гўшти сурхи ҳанўз хунолуд қай мекард. Хуллас, ки рўзашон нағз мегузашт. Модагург дар фароғат буд; аз сериву манзили гарм ва осоишу эҳсоси баланди модарӣ маст шуда, аз таҳти дил меболид, ки ҳамин гуна як ёри вафодор, ҷасур ва ризқаш фаровон дорад.
Ғазаб низ муттасил хурсанд буд. Аз ҷойҳои дур баргардад ҳам, хастагии худро нишон намедод. Дар гирди модагург ва бачаҳояш парвона шуда, онҳоро ба меҳр мебўид, навозиш мекард. Сипас дар як гўшаи ғор ёзида, ба хоби чорпаҳлу мерафт. Модагург мекўшид, ки ба роҳати вай халал нарасад; ҳар қадар хоҳад, дам гирад пуштибонаш.
Ба ҳамин тартиб мегузашт зиндагии онҳо!
Лекин...
Баъде ки гургбачаҳо чашм кушода, оҳиста-оҳиста қувват гирифтанд, Ғазаб панҷ рўз қабл аз ин бори аввал ўро ҳамроҳи худ ба шикор бурд. Онҳо ба рамае ҳуҷум оварданд, ки вай одатан дар ихтиёри се сагу як чўпон мегашт. Модагург ва Ғазаб чанд моҳ пеш ҳам дафъатан ба он рама дарафтода, ду гўсфанди фарбеҳи дунбакалонро аз хирной гирифта, зуд саранҷом карда буданд; саранҷом карда, фиғони чўпону сагҳояшро бароварда, сиҳат-саломат ба камари шахи баланди серарча – ба ғори васеъ, офтобрўя ва гарму нарми худ баргашта буданд.
Вале он рўз...
Фалак зад он рўз Ғазабро!
Модагургро ҳам...
Гўсфандон дар як майдони фарохи пур аз алаф ва гулу буттаҳои хурд парешон гардида, бемалол ғизо мехўрданд.
Ғазаб гўё нақши замин шуда, аз каминаш, аз пушти харсанги то нисф ба хоку сабза фурўрафтаи сари теппа, рамаро каме таҳти назар гирифту ёли хокистарранг ва дурушташ якбора сих зада, ҷаста ба по хест.

пешина
аз 551
навбатӣ