МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Модагург, ки дар машомаш бўи хуни гарм нишаста, беихтиёр маст мешуд, ниҳоят ба Ғазаб расида, ба гўсфанди дигар дарафтод. Боз садои тир баромад. Ва боз...
Акнун модагург ҳам ба мисли Ғазаб шикорашро канда-канда… гоҳо ба пашмаш саросема фурў мебурд. Болои ин ҳар лаҳза барқвор ба муқобили худ назар давонда, равшан медид, ки ҳоло чўпонҳо то ҳадде дуртаранд.
Лекин барои чӣ онҳо ду нафар?
Сеюмаш куҷо рафт?..
Модагург гашта луқма медарид. Ана сагҳо, наздик мешаванд, тамоман... Гургафкани зарди гўшу думаш бурида, ки аз ҳама пеш метохт, даршаст омада, ба гардани Ғазаб даҳон андохт. Ва худи ҳамон лаҳза – баробари рост шуда, як тоб хўрдани рақибаш – чун халтаи гўшт таппӣ ба рўи сабза ғалтид. Ғазаб ғуросзанон саги дигарро низ чап дода, зуд дар паҳлуи модагург ҳозир гардид ва саги сеюми ба вай часпидаро ба дандонҳои тези худ аз шонааш газида, ду-се қадам дур партофту чашмони сурхаш оташбор, ба модари бачаҳояш ишора кард, ки гурезад. Аз ин сабаб модагург, ҳарчанд ба мудофиа тайёр меистод, хуни лабу лунҷашро лесида-лесида, филҳол қафо гашт. Ва чун дид, ки Ғазаб ҳам ўро пай мегирад, рў ба ҷониби шахҳои баланд оварда, ихтиёрашро дар дасти пойҳои бақувваташ дод.
Ғазаб қариб ба вай баробар медавид; гўё ҳеҷ намехост аз модагург пеш гузашта, ёрашро қурбони тир ё гўшти дандони сагҳо гардонад. Ин ҳатто рўз барин равшан буд; равшан буд, ки Ғазаб чун ҳамеша сипар шуда, ўро ҳатман аз бало эмин доштанист. Модагург омехта ба як ҳисси миннатдорӣ ва меҳри дуболо инро ақида мекарду ҳар чи тезтар медавид, ки мабодо Ғазаб ба касофати вай гирифтори марги ногаҳон шавад.
Сагҳо ҳамчунон ба қаҳр лоида, таъқиби худро давом медоданд. Чўпонҳо низ ба нидоҳои «рафт... парон!» гаштаву баргашта тир меандохтанд. Ба димоғи модагург бўи тези борут нишаста, таъми хуни гармро дар даҳонаш вайрон мекард. Гоҳо аз пушту паҳлу ва болои сари онҳо визосзанон тир парида мегузашт. Ғазаб аз модагург ним қадам қафотар давида, ўро зуд-зуд ба фукаш тела медод – тез бош, ҳушёр бош...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё