МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
То даме ки аз дасташон меояд, бедодӣ мекунанд. Лекин дунё акнун соҳиб дорад.
Лаънатиҳо...
Аз онҳое ки ҳамроҳи худ гирифтан мехост, Анвар танҳо як нафарро дар хонааш наёфт. Дўсти меҳрубони ў Давлат, ки порсол дар калхози навташкили «Корвони сурх», хоҷагии аз маркази ноҳия тақрибан ним фарсах дуртар, ба хоҳиши умум раис интихоб гардид, аз рўи гапи падараш ба дашт, назди деҳқонони ғаллакор рафта, маълум набудааст кай бармегардад.
– Чӣ тавр шуда, дар ду-се моҳ як бор омадеду ҷўраатон нест, – мегуфт ба таассуф падари мўйсафеди Давлат.
– Ҳеҷ қисса не, амак, ман ҳоло бисёр меоям.
Анвар барои он ки ўро бемаҳал ташвиш дод, узр пурсид ва аз хусуси ба Давлат чӣ кор доштани худ ҳарфе нагуфта, зуд қафо гашт. Ва сари раҳ хона даромада, ба модараш, ки:
– Боз куҷо меравӣ, писарам? Боз чӣ воқиа рўй дод? Эҳтиёт шав... – гўён қариб мегирист, хайрухуш карда, хушнуд ўро тасаллӣ бахшид:
– Осуда бошед, очаҷон, ҳеҷ воқиа рўй надодааст. Нохост як кори зарур баромад... ду-серўза. То Нилу рафта, иншооллоҳ, сиҳат-саломат бармегардам. Ба ҳамин баҳона хоҳарамро мебинам.
– О Нилу рафтанӣ бошӣ, маро ҳам бар. Ман ҳам Сабоҳатро пазмон шудаам. Барои чӣ ту ин қадар саросема? – дар торикӣ ўро то таки дарвоза гусел карда, ба оҳанги коҳиш гуфт Соро-хола.
– Бори дигар, очаҷон... Бори дигар ҳатман мебарам.
– Хайр, писарам, худат медонӣ. Раҳат кушода шавад, худои карим дар паноҳаш нигаҳ дорад... Ҳамин барои ман давлати калон.
– Нигоҳ медорад, оча. Вай агар бошад, ҳеҷ гоҳ ману шуморо аз ҳам ҷудо намекунад, – гуфт Анвар, аз ин сухани модар ба лабонаш табассум давида. – Хона дароед: ҳаво хунук барин, – ба дилсўзӣ илова намуд ў ва пой ба рикоб бурда, дар як ҷаҳидан худро болои зин гирифт.
...Ҳамин тавр онҳо, панҷ нафар, ситораи рўз набаромада, пасопеш дар идораи милиса ҳозир шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё