Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Корманди молия Саид низ ба монанди Мурод савора омад.
Азбаски вазифааш ўро зуд-зуд ба деҳоти дуру наздик мебурд, барояш махсус асп ҷудо карда буданд. Аммо силоҳ надошт Саид. Бинобар ин Каримов ба вай як панҷтира дод. Боз ду нафари дигарро дар баробари тиру туфанг ба асп ҳам таъмин намуд.
Баъде ки ҳар кадоми онҳо фалон чиз гирифтем гуфта, дар бари ному насаби худ ба як парча коғаз имзо гузоштанд, ў Анвару рафиқонашро то берун гусел карда:
– Барори кор мехоҳам! – гуфт. – Ман ҳам акнун аз паи бачаҳо... тарафи ҷануб меравам.
– Сафаратон бехатар бод! – гуфт аз самими дил Анвар низ ба вай.
Ва пас...
Онҳо аз кўчаи дар ин шабонгаҳ ором ва хилват асп ронда, баъди чанд дақиқа аз маркази ноҳия баромаданд. Ва тахмин боз як соат барин вақт сарф намуда, ба дараи Оҳугузар дохил шуданд. Нахустин деҳаи сари роҳашон Саройсанг буд, ки понздаҳ-бист хонавода дошт. Баъзе сагони ҳушёр безобита гардида, аз пушти девору назди дарвозаҳо ба ҷониби саворон ак-ак мекарданд.
Рўз сафедӣ мезад; аз байни абрҳои парешон ситораҳо хира метофтанд. Дар кўча якта-нимта одамон вохўрда, ба онҳо салом-алейк мешуданд. Аз даруни ҳавлиҳои фақирона гоҳо маоси гаву гўсола ё моли реза ба гўш мерасид.
Дар қаъри дара, дар поини раҳе ки Анвару ёронаш онро гузашта мерафтанд, ба ғул-ғул дарёчаи Кофрун ҷорӣ мегардид. Вай дур аз Нилу, аз худи пошнаи қуллаҳои кўҳи Ҳафтсар ибтидо гирифта, тобистону тирамоҳ як қисм заминҳои водии Гардонро шодоб мекард. Ҳоло, шояд аз борони дирўза, обаш лой ва аз ҳарвақта баландтар буд.
Анвар дар охири деҳа як дарвозаи каме каҷ ва фарсударо кўфта, ба соҳиби ҳавлӣ, марди лоғари беморнамо, ки ўро дар қатори фаъолони ҳамин атроф медонистанд, ду-се дақиқа гуфтугў кард. Аз рўи гапи мард деҳа бисёр ором; ягон каси бегона пайдо нашудааст, хавферо пай набурдаанд.
Бо вуҷуди ин Анвар ба вай фаҳмонд, ки ҳушёр бошанд.
Ҳамин ҳозир одамони дилпурро аз вазъият огоҳ намуда, ба ҳар эҳтимол шабу рўз посбонӣ кунанд.

пешина
аз 551
навбатӣ