МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
олоту асбоб месохтанд. Ва дар аксар ҳолатҳо ба ивази меҳнати худ чизе талаб намекарданд.
– Кирои савдо не, барои ҳукумати камбағалпарасти халқ, – мегуфтанд онҳо ба табассум.
Мурод аз нахустин рўзҳои ташкили камсамол узви ин созмон буд. Дар маҷлису машварат ва чорабиниҳои он ҳамеша иштирок карда, ҳар як супоришро аз таҳти дил ба сомон мерасонд – қатори одамони масъул ба деҳоти дуру наздик рафта, ба камбағалон сўҳбатҳо меорост; дар маҳви бесаводӣ алоқадри маҷол ҳисса мегузошт; барои озодии занон ташвиқот мебурд; қарорҳои партия ва ҳукуматро дар байни аҳолӣ тарғиб мекард.
Хулоса, вай на танҳо косиби даҳ дасташ ҳунар ва ҷанговари овозадор, балки ташкилотчии моҳир низ буд. Ҳамин қобилияти Муродро ба назар гирифта, баъзе раҳбарон, аз ҷумла котиби райком Амонов, ба ў мегуфтанд:
– Розӣ шав, ба ту ягон вазифа ёфта диҳем. Аз душвортараш... Маълум, ки аз ўҳдаи кор мебароӣ.
Аммо вай розӣ намешуд: аз оҳангарӣ, касби меросии падару бобоҳои худ, дил канда наметавонист. Бо вуҷуди ин ба ҳар ташвиши ноҳия шарик буд.
Ҳангоме ки Анвар дар ғояти шаб дарвозаашро кўфта, ўро аз хоб бедор карда, вазъиятро фаҳмонд, Мурод чизе напурсида ва ҳатто ба хаёле ҳам нарафта, ин дафъа низ дарҳол тайёр шуд. Ва пас аз як-ду соат дар хўрҷинаш тўшаи роҳ гирифта, савори аспу дар тасма наган, ба идораи милиса омад.
Каримов медонист, ки вай тапончаи шахсӣ дорад. Аз ин рў хандон:
– Туфангамон кам. Ту худат… ҳар оина одами басилоҳ, – гуфта, ба ў фақат чил дона тир дод.
Саид ва боз ду нафари дигар ҳам, ки Анвар онҳоро зуд дар хонаҳояшон ёфта, мақсадро баён карда буд, бе ҳеҷ чуну чаро ба ин иқдоми хатарнок розӣ шуданд.
– Чӣ ҷои гап! – гуфта буд Саид, чашмони хоболудашро ба пушти даст молида. – Намемонем... ҳаёти осудаамонро заҳрогин кардан намемонем! Гургони дупо... Аз рўзе ки ба хокамон зада даромадани онҳоро шунидам, ман хавф доштам. Хавф доштам, ки баъзе маккорашон ҷон ба саломат бурда, ба тарафҳои мо ҳам метозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё