Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд фикр кард, ки оё Анвар аз ишқи ў хабар дорад... Оё вай медонад, ки Таманно шабҳои дароз хоб нарафта, чӣ тавр ҳар як хати чеҳраи ўро дар қалби нооромаш зинда мегардонад? Анвар чӣ – низ ўро ба ёд меоварда бошад?.. Агар вай дар ин хусус фикр кунад, пас чаро хостгор намефиристад?
Барои чӣ хомўш аст? Ягон маротиба ҳатто ба рамзе нафаҳмонд, ки меҳр дорад...
Не-е, аз чашмонаш маълум: нағз мебинад ўро Анвар.
«Ман меоям», – гуфта буд. Пас меояд; боронгариҳо камтар шаванд, ҳатман меояд.
Шир ҷўшида, қадре дамид.
Таманно оташро хомўш карда, берун баромад.
Бузғолаҳо сер шуда, дар гирди модар ҷастухез доштанд.
Офтоб ҳанўз сар назада буд, вале уфуқ ба ранги арғувон медурахшид. Аз кўча, ё аз ҳавлиҳои дуру наздик маоси гаву гўсола, овози бачаҳои саҳархез, ҳангаси маркаб, қут-қути мурғ – хулоса, ҳамон садоҳое ба гўш мерасиданд, ки ҳар деҳаро чун макони одамӣ зинда медоранд.
Таманно калбузро аз ресмонаш кушода, ба кўча ҳай кард, ки он ҷо пода ҷамъ мешуд; гоҳо подабон гулў даронда, таёқаш дар болои сар, «бош-а! бош!»-у «ча-ча!» – мегуфт.
Бузғолаҳо аз паси модар худро ба дарвозаи маҳкам мезаданд. Таманно пушту паҳлуи онҳоро сила карда, хоридаву молида, ба сабзазори поини ҳавлӣ ронд. Ва дар фикраш ҳаррўза ташвиши зиндагӣ, қафо гашта, нохост дид, ки модари дардмандаш аз хоб хеста, ҳоло дар таки айвон ба рўи офтоба хам мешавад.
Вай шитобон рафта, гарм салом дод ва:
– Истед, оча, ман мерезам, – гўён офтобаро гирифта, ба кафҳои лоғар ва беқуввати ў об рехт.
Модар ба душворӣ дастурўй мешусту пичаҳои пахта барин сафедашро беихтиёр ба пушти гўшҳояш бурда:
– Бахтат кушода шавад, духтарам, – мегуфт. – Илоҳӣ рўзи бад набинӣ!
Дар пеши чашмони Таманно ин саҳар бори чандум буд, ки боз симои Анвар падидор гардид. Вай агар ба Нилу ояд, ҳар дафъа ба ҳавличаи нимфатароти онҳо даромада, аз аҳволи модари ў хабар мегирифт; суханҳои хуш гуфта, аз самими қалб дилбардорӣ мекард.

пешина
аз 551
навбатӣ