Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас дар мадди назараш имрўза сурати Анвар зинда гардид. Не-не, имрўза не... Вай ўро охирин маротиба ним сол қабл аз ин, охирҳои тирамоҳ дида буд. Дар ҳамин ҷо, дар Нилу дида буд. Анвар ҳамроҳи як марди аз худаш калон омада, чанд рўз дар деҳа истод. Онҳо ба одамон гап фаҳмонда, баъзан суханҳои талх шунида, калхоз месохтанд.
Анвар мудом дар такопў ва аксар зиқ менамуд.
Вақте ки ахир бозпас мерафт, рост ба чашмони Таманно нигариста:
– Ман... ман меоям, – гуфта буд.
«Кай меояд? Кай?..»
Ҳоло Анвар ба вай танҳо аз байни забонаҳои оташ менигарад, табассум мекунад; гўё гап ҳам мезанад... Вале духтар овози ширадори ўро намешунавад.
«Ин дам дар куҷо бошад? Хоб аст ё бедор? Анвар, азизи дилам Анвар... Аҳволи Соро-хола чӣ хел? Зиёда аз як сол мешавад, ки надидаам. Чӣ зани меҳрубон!»
Таманно боз ду-се шаббаро шикаста, ба оташдон партофт ва ҳушу ёдаш ба кўи дигар рафт. Вай акнун аз рўи қиссаву афсонаҳои зиёде ки баъзан, бештар шабҳои сарди зимистон, аз забони модараш мешунид, азоби дўзаху роҳати ҷаннатро фикр мекард. Қариб ҳар боре ки чашмаш ба оташ афтад, ў ҳатман ба ин ҳолати носоз гирифтор шуда, як лаҳза бошад ҳам, ба андеша меравад – ба ин маънӣ, ки одамизод худаш дар рўи замин ба сад хорӣ рўз мегузаронад, лекин чаро боз дар он дунё барои ягон гуноҳаш дар оташи дўзах ҳезум барин сўхта, вале ҳеҷ намурда, ҷисман азоб мекашад? Охир, касе ки дар зиндагӣ гуноҳ накарда бошад, эҳтимол ёфт нашавад...
Пас рўзи қиёмат ҳамаро аввал ба оташи дўзах мебаранд?
Чӣ даҳшат!
Таманно, ки аз шиддати ин гуна хаёлҳо дилаш қариб аз хона ҷаста, ба танаш сардӣ медавид, ҳамчунон ба оташ нигариста, «шояд ба касе, масалан, ба Анвар... меҳр мондан гуноҳ бошад?» – гуфт ба худ ғамгин.

пешина
аз 551
навбатӣ