МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Болобаланд ва борикмиён буд Таманно. Гесувони занҷираш низ дароз буданд.
Сачоқро ба тори байни ду сутуни айвон овехта, вай ба хонаи дигар даромад. Ва ҳамоно ду бузғолаи навзод аз он ҷо берун шуда, ба сўи калбуз давиданд.
Ҷонвар бачаҳояшро дидан замон хушнуд маос зада, ресмони борикро таранҷид, аммо мех онро сар надод.
Баъд вай осуда гардид – бузғолаҳо аз ду тараф пистони модарро ба даҳон гирифта, инак гарм-гарм мемакиданд.
Калбуз сарашро гоҳ ба ҷониби яке ва гоҳ ба ҷониби дигаре тофта, онҳоро дар навбат бўй мекашид; ҳар карате ки бўй мекашид, чашмони гирдаи ба ранги асал зардаш аз ғояти ҳаловат роғ мерафтанд.
Дар даст хурма, Таманно ба айвон баромад. Ва хурмаро зуд дар пои сутун монда, ҳар ду бузғоларо сабук бағал карду хона дароварда, дарро аз пушташон баст.
Онҳо акнун фиғон мебардоштанд. Калбуз ҳам чашмони калон-калонашро ба дари хона дўхта, баъзан «маъа-ъа...» – гўён ҷавоб мегардонд.
Таманно ҷонварро ба лафзи ширин навозиш карда, тезтез шир медўшид. Баъд:
– Кифоя, дигараш ҳаққи бачаҳоят, – гуфта, дар табассум бархосту рафта, боз дарро кушод; калбуз аз нав хурсандӣ намуд.
Бузғолаҳо, ки маҳз ҳаминро интизор буданд, дафъатан ба сўи модар тохта, ҳар ду чочашро соҳибӣ карданд.
Таманно ба ҷандалаи онҳо як нафас диққат дода, ба ошхона ворид шуд. Ба даҳони хурма, ки қариб нима буд, ширполо кашида, ширро ба дег рехт. Гашта берун баромад ва аз шировези гирда, ки дар шифти айвон чун як паллаи тарозу ба се чилбур овезон, қариб ба тори сар мерасид, лаганро гирифта, шири онро низ – шаб дўшида монда буд – бурда ба дег рехт. Хурмаву лаганро тоза шуста, ба таки дег оташ даргиронд.
Шаббаҳои хушк чарс-чарс садо бароварда, ҳамвор месўхтанд. Таманно андак ноҳузур нишаста, дастонаш ба рўи зонувон ва занахдонаш болои дастон, ба забонаҳои тези оташ менигарист. Ва хаёлаш ба Анвар рафта, беихтиёр баҷоякбозиҳои бачагиашонро ба хотир меовард, ки одатан пеш аз омад-омади пода ба шўру шағаф дар кўчаҳои танги деҳа барпо мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё