МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин вақти азон хеста, Таманно аз тирезаи хурдакак дид, ки осмон хеле равшан аст.
Вай кўдаквор хурсанд шуд. Бо вуҷуди он ки қариб то сари субҳ аз паҳлу ба паҳлу гашта, хаёлаш ба сад кўча даромада, дуруст хоб нарафта буд, устухонаш чун ҳамеша сабук, тохта ба айвон баромад. Офтобаро ёфта, аз кўзаи калони гардандароз ба вай об андохт. Ва дастпоки гулдўзӣ дар китф, ба лаби суфаи таки айвон нишаста, дар ҳаловат ба шустушў оғоз намуд.
Об хунук буд; ҳаво ҳам андак сард ва серрутубат. Бар замми ин аз самти ғарби деҳа, ки он ҷо кўҳи Ҳафтсар, ҳафт қуллааш соле дувоздаҳ моҳ аз кулоҳи сап-сафед муҷаллӣ…
дар салобат қад афрохта, кадом як садди афсонавиро мемонд, боди сабо вазида, бўи барфҳои баландро меовард. Дар кўлмакҳои акнун софи пеши суфа акси осмони кабуду шохаи дарахтони ҳанўз камбарги себу олуча афтида, дар раҳи сайри бод маҳин меларзид... Сабзаҳои зумуррадгуни саҳни ҳавлии хурд ғарқи оби борон буданд.
Калбузи сиёҳи пешонӣ ва ду бари шикамаш сафед, гарданаш дар чилбур, ба сари хаму гўшҳои овезон дар як кунҷи айвон истода, гоҳо базўр «маъа-ъа...» – гўён ба Таманно шикваомез менигарист; шояд хунук мехўрд ҷонвар, ё пистонаш пур шуда, бачаҳояшро интизор буд.
Таманно дар пой кафши каме кўҳнаи сиёҳ ва дар тан пироҳани сафед дошт. Хушдўхт ва парпаргиребон буд куртааш. Як тугмаи он кушода шуда, баёзи гардани ўро ба рўзи равшан намоиш медод. Ҳар боре ки Таманно кафи дасти нозукашро пури об карда, ба чеҳраи гулгунаш мебурд, дар таки матои тунук синаҳои нор барин дамидаи ў оҳиста меларзиданд. Тора-тора мўйҳои сунбул дар баногўшаш ҳалқа зада, аз бари пешониву кунҷи лабони ақиқаш хат-хат об мешорид. Дар сари мижгони зич ва монанди чашмонаш сиёҳ яке аз паи дигаре қатраҳои ғалтон медурахшиданд.
Духтар сардии ҳаворо эҳсос накарда, мисле ки саропо оташи сўзон бошад, ба рўяш паёпай об мепошид. Ҳама вуҷудаш дар ёди кадом рўзи саиди оянда, ки танҳо ба ҳастии Анвар вобаста буд, ширин метапид...
Ниҳоят ў бархоста, дастони нарму рўи хушқолабашро ба сачоқ пок кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё