Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кошкӣ, – оҳ кашид мўйсафед, ки ба чашмонаш ашк медавид. – Лекин дареғ, ҳа-а-а, сад дареғ...
Пиразан дастархон кушод.
Хуррамов як-ду пиёла чой нўшид ва аз нав беморро дилбардорӣ карда, қариб ним соат аз ину он гап зада нишасту:
– Акнун ба ман иҷозат, амак. Зудтар сиҳат шавед, – гуфта, оҳиста бархост.
Воҳид низ барои гусели ў аз ҷой хест.
Пас аз он ки дари хонаро бесадо пўшиданду шарфаи пой ва гуфтугўи норавшани онҳо аз айвон ба гўшаш расид, мўйсафед беихтиёр падари Султонро ба ёд овард. Вай, Хуррами мисгар, як марди хушсурати бақувват буда, гоҳ-гоҳ асптозӣ ҳам мекард. Дар ноҳия ва деҳоти гирду атрофи он ҳар қадар ба мисгарӣ ном бароварда бошад, дар човандозӣ низ ҳамон қадар шўҳрат дошт. Баъзан Султонро ба худ мегирифт ва дар маҳалли бузкашӣ аспи ягон тамошобинро талабида, ўро ба он ҷонвар савор мекарду як даҳан «ҳушёр бош, писарам!» – мегуфт. Дар лабони бача табассум мешукуфт. Баъд падару писар ба саворони дигар пайваста, ба сўе асп мемонданд, ки ҳамин ҳозир мурдакаш дар он ҷо бузи сарбуридаро партофта буд ва акнун улоғашро қамчин зада, худро канора мегирифт.
Хуррам ба писараш дар баробари човандозӣ аз мисгарӣ ҳам ибрат медод. Вале Султон дар ин ҳар ду ҳунар низ ба падараш расида натавонист: ҷанг сар шуд ва Хуррам ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафт. Пас аз якуним сол ба Султон ҳам, ки мактабро хатм намуда, дар калхоз нағз кор мекард, аз камиссариати ҳарбӣ даъватнома оварданд.
Мўйсафед рўзи ба аскарӣ рафтани ўро бармало дар хотир дорад. Зеро Султон... вақте ки саҳарӣ, дар китф кўлбори бавасла, аз назди дастгоҳи Назар гузашта, ба маркази ноҳия мешитофт, як сари қадам ба ҷои нишасти вай даромада, махсус гуфта буд:
– Ана, ман меравам, амак...
– Медонам, – зуд сухани Султонро бурида буд ў, – сиҳат рафта, саломат баргард.
– Ташаккур. Фақат илтимос, ки...

пешина
аз 551
навбатӣ