МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин шаб ё саҳар аз дунё чашм пўшад, онҳо бетаъхир меоянд.
Барои чӣ ин тавр? Аз чӣ сабаб мардум дар бисёр мавридҳо ба сури одами носоз намераванду дар мотамаш ҳозир мешаванд? Тавба! Модом ки аз касе дилат мондаасту ба тўяш намеравӣ, ба мурдааш ҳам нарав. Не-дия! Умуман... аҷаб муаммост одамизод. Дар ҳар сурат хуб мекунад, ки гоҳо ба ҷанозаи душмани ҷонаш низ меравад. Дар акси ҳол... Масалан, агар онҳое ки ягон вақт аз марҳум, махсусан аз марҳуми феълу хўяш ба феълу хўи Назар монанд ранҷида бошанду ба маросими дафнаш наоянд, дар гумон аст чор тобуткаши ихтиёрӣ ёфт шаванд…
Ба хона писараш ва аз қафои ў раиси калхоз Хуррамов даромаданд. Мўйсафед ҳар қадар кўшид, ба рўи онҳо дуруст нигоҳ карда натавонист: сараш ниҳоят вазнин буд, ба азоб нафас мекашид. Дар ҳамин аҳвол вай ҳасратнок аз дил гузаронд, ки Султон Хуррамов дўсти писараш, онҳо чанд сол боз рафтуомад доранд; Воҳид дар дасти ў аграном шуда кор мекунад, ҳар ду ба ҳам тифоқанд. Бо вуҷуди ин Хуррамов мўйсафедро бад мебинад… Шояд ғалат аст фикри Назар?
Мумкин он воқиа аз ёди Хуррамов рафта бошад... Не, кас магар сабаби марги модарашро ба фаромўшӣ дода метавонад? Ҳаргиз... «Амаки Юф! – гуфта буд вай он рўз. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам. Баъди марг...
устухонам ёд мекунад!» Бале, ҳамин тавр гуфта буд Хуррамов. Ва то ҳол ин сухани ў ҳарф ба ҳарф зинда аст дар ботини мўйсафед.
– Саломатӣ чӣ хел, амак? – ба тамкин пурсид Хуррамов, баъде ки тўрхалтаи пур аз себу анори яккачинро ба кампири вай дода, ҳамроҳи Воҳид дар болои кўрпача нишаст.
– Аз гўр берун, додар...
– Иштиҳо доред?
Мўйсафед ба маънии не сар ҷунбонд.
– Ба зўрӣ бошад ҳам, як чиз-ним чиз хўред.
– Наметавонам… ҳар чӣ хўрам, мегардонам. Одам пир шавад, дилу ҷигараш ҳам аз кор мебаромадааст. Худо амонаташро мегирифтагӣ барин.
– Ин хел нагўед, амак. Шумо ҳоло бақувват, боз сиҳат меёбед, даври набераҳоро мебинед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор