МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Он вақтҳо вай раиси калхоз Ҷобиров, ба қавли мардум Юф буд; аз нўки қамчинаш хун мечакид. Бисёр зотҳои багурда аз зарбу лати ў абрешимвор мулоим мешуданд. Дар бераҳмӣ он қадар достон гардида буд, ки занони деҳа бачаҳои нофармони худро «бас, агар не, Назари қоқро ҷеғ мезанам», – гуфта, филҳол ором мекарданд. Вай инро медонист ва курта-курта гўшт гирифта, аспи ғазабашро сахттар метозонд. Мефахрид, ки раият ҳатто аз шунидани номаш лоилоҷ метарсад.
Лекин банохост ҷанг сар шуду Назар дар ғами ҷонаш монда, орому қарорро аз даст дод; шабҳои дароз ғарқи андеша гардида, хобаш намебурд. Ислом дар фалон калхоз раис буд... раиси пухта буду зуд даъват намуданд. Маълум не, ки вай акнун дар он ҷойҳо чӣ ҳол дорад. Раҳмон низ раиси чашмикордону баобрў буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, туро майдони ҷанг интизор гуфтанд. Бечора… як сол ҳам нагузашта, муфт раҳматӣ шуд. Зану фарзандони ў хати сиёҳашро гирифта, муддате қабл ба аҳли деҳа шунавонданд. Холи ҳавлуқма чӣ?.. Хайр, ба ихтиёри худаш рафт вай. Чунки аз рўзи азал аҳмақ буд... Лекин дар ин солу замонаи хунрез Назар чӣ кор кунад? Аз дами бало чӣ тавр эмин монад? Имрўз набошад, пагоҳ навбати ў ҳам мерасад; имрўз набошад, пагоҳ балки зани ў низ хати сиёҳашро гирифта, рўю мўй меканад. Дар ин дунёи куҳан кӣ пешомади худро яқин донистааст? Э худо... Дар он ҷо, дар ҳалқаи маргу оташ, ба ягон тири дайду дучор омада, ҳайф шудан мумкин... Не, то аз ҷон рамақ дорад, Назар мекўшад, ки наравад. Вай, охир, Холи ҳавлуқма барин аблаҳ не, чӣ андоза ширин будани зиндагиро нек медонад, ба қадри ҳаёти осуда, бехавфу хатар ҳам мерасад.
Вай аз модар барои як рўз не, як рўз дар мулки бегона мурда... бегўру кафан мурда, зану фарзандонашро обу адо кардан наомадааст. Хонаву дар дорад вай, хешу табор дорад, умеду орзу дорад. Ва ин ҳамаро ҳаргиз ба бод намедиҳад. Об хўрдаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бурда наметавонанд...
Назар ниҳоят ба иҷрои қарораш, ки муддате боз дар дил гирифта мегашт, қатъӣ азм намуду шабона, ҳангоме савори асп аз саҳро ба деҳа меомад, дар нишебии санглох пиёда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор