МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мўйсафед, ки тамоми рўз ба ҳолпурсии такрор ба такрори кампираш ҷавоб надода, рў ба девор карахт мехобид, агарчи чашмони чўкидааш дер боз баста буданд, аз ин тағйирот ба алам пай бурд. Зеро ҳар дафъа, баъди ғуруби офтоб, то ҳангоме ягон кас чароғро дарнагиронад, хона ба назараш мисли заминкан тангу тор намуда, дили заъфзадааш нохост фишурда мешуд.
Вай инчунин эҳсос кард, ки аз умраш соатҳои башумор мондааст, то фардо намерасад; дигар на рўи офтобро мебинад, на пардаи шомро. Кошкӣ он лаҳза тезтар омада, тани афгорашро аз панҷаи бераҳми дард мерабуд. Кошкӣ... Мегўянд, ки одами бадгуҳар ба сад азоб ҷон медиҳад. Агар ҳамин гап рост бошад, пас вай бадгуҳартарин фарзанди инсон будааст.
Боз мегўянд, ки пеш аз марг бандааш ҳар қадар ба даргоҳи худованд тавба гузорад, дар он дунё гуноҳаш ҳамон қадар сабук мешавад. Агар ин гап низ рост бошад, пас тавбаи дусолаи ў ба ғуфрони ҳазор бандаи гунаҳкор кифоя мебуд.
Сояи тунуке ки тадриҷан аз сақф ба фарши хона меёзид, оқибат ба сурати заъфарони мўйсафед печида, онро ба монанди хок тира гардонд. Вале ба сари бинии калони вай ҳеҷ зўраш нарасид. Сари бинии теғкашидаи бемор ҳоло аз будаш зиёдтар зардча тофта, як дутинаи нави ҷилодорро ба хотир меовард, ки даст ба даст нашуда, тифоқо болои хокистар афтидааст.
Мўйсафед ба душворӣ паҳлу гашта, пичирос зад: «Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...» Овози заифаш чун хишироси баргҳои хазонгардидаи чормағзи пушти тиреза, ки дар як шохи он зоғи танҳое нишаста, танбалона бол меафшонд, ҳазин буд. Вай чашмони камбинашро аз болҳои шабранги зоғ наканда, бадард оҳ кашид ва маҷбур аз дил гузаронд, ки зоғ парандаи шумхабару бехосият аст.
Номи мўйсафед шасту чор сол боз Назар бошад ҳам, рафту ягон кас ўро дар ғайбаш ба забон гирад, агарчи дар деҳа ба ин ном дигар шахсе нест, ҳатман мепурсанд: кадом Назар? Чунки хурду калон мўйсафедро ҳамчун Назари қоқ, Назари шал ва Домуллои ланг мешиносанд… То сар шудани ҷанг, азбаски тани дарозу лоғар дошт, Назари қоқ мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор