Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кайфаш каме ноҷўр, Мансур акнун хомўш менишаст. Андрей низ, агар аҳён-аҳён ягон чиз пурсидани ўро ба ҳисоб нагирад, чашм ба дуриҳо дўхта, сукут мекард.
Тахмин пас аз ним соат Зафарбек дар диққат ба оинаи пеши мошин нигариста – то метавонист, вай ҳатто гардан ёзонд, – мисли он ки ба худаш гап мезада бошад:
– Хаскаш... – гуфт.
– Чӣ? – нафаҳмид Мансур.
– Мегўям, ки Хаскаш меояд. Ҳозир аз мо мегузарад. «Волга» мошини бақувват.
Мансур ба шонаи дўсташ беозор нихта кард. Ва онҳо...
ҳар ду баробар тоб хўрда, аз тирезаи пушт ба қафо назар андохтанд.
Воқиан ҳам як «Волга»-и осмонранг ба мошини Зафарбек наздик мешуд.
– Шинохтӣ?
– Бале, – дандонҳои сап-сафед ва бақувваташ намоён, хандид Андрей. – Хаскаш...
– Ту хафа нестӣ? – пурсид Мансур.
– Гумонат, ки ман кўдакам, намефаҳмам? – гуфт мулоим Андрей ва баргашта, боз ба қади раҳ чашм давонд. – Ҳамаашро мефаҳмам. Аслан... чӣ ҳодиса рух дод? Ба хаёлам ҳеҷ... Гап дар бораи Хаскаш бошад, ман ўро дар маркази ноҳия аз шумо пештар дидам; чандпула одам буданашро ҳам дина... аз ту зудтар пай бурдам.
– Аммо эътибор накардӣ?
– Албатта. Чунки аз рўи ваъда наомаданаш... Сабаби ин маълум: дирўз ту ба вай гуфтӣ, ки дар масъалаи ба институт дохил шудани писараш мадад расонда наметавонӣ.
– Дуруст гуфтам.
– Дуруст ки бошад, вай... эҳтимол қаҳраш хеста, аз вохўрӣ ба ту пушаймон гардида, моро ба ихтиёри худамон гузошт; ваъда карду барқасд наомад. Шояд барои заҳмати бефоидааш моро ҷазо додан мехост.
– О ин номардӣ-ку! Ба умеди вай... ту аз ҳавопаймо монӣ, чӣ мешуд?
– Ҳеҷ чиз намешуд.
Ҳамин дам «Волга» лангар хўрда, ба суръати баланд аз паҳлуи онҳо гузашт.

пешина
аз 551
навбатӣ