Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷисми лоғараш дучанд лоғар метофт. Дар гирдаш даҳдувоздаҳ нафар зану мард... Ғайр аз «Волга» дигар мошине ба назар наменамуд.
– Савдо мекунад, – гуфт ба заҳрханд Зафарбек.
– Чӣ хел савдо?.. – гаранг шуд Мансур.
– Кӣ бисёртар пул диҳад, ҳамонро то Раҳи калон бурда мемонад. Аз он тараф ҳам холӣ намеояд.
– Пас ў маро фиреб дод?
– Бешубҳа! Аз шумо дигар чӣ фоида?!
– То Раҳи калон тахмин ҳафтод километр...
– Бале, ҳафтод! Дар ҳамин масофа вай аз ҳар кас даҳ сўм мегирад. Чор карат даҳ чанд мешавад?
– Чил...
– Ана ба шумо пул! Аз ин тараф чил сўм, аз он тараф ҳам чил сўм. Рўзе ду маротиба рафта баргардад, яксаду шаст сўми нақд меёбад.
– Қариб баробари маоши ман.
– Вай ин корашро ҳар вақт намекунад. Мавридашро шинохта, дар ҷои худ ағлаб писараш ё ягон хеши баэътимодашро монда, ана ҳамин тавр… гўё тасодуфан кўча мебарояд. Ноҳияамон дар кўҳистон, аз Раҳи калон дур. Мардуми сафаракӣ бисёр... Аз ин рў кордаш болои дунба!
– Агар ҳозир ба мо вомехўрд, чӣ мекард?
– Шумо аввал гўед, ки имрўз билет доштани дўстатонро вай медонист ё не?
– Медонист.
– Пас гумонаш... шумо илоҷе ёфта, ҳоло рафтаед. Сониян, тифоқо рўбарў ғалтад ҳам, ба саду як росту дурўғ узр мепурсид; ғубори дилатонро мебаровард.
– Ин хел буданашро ҳеҷ намедонистам. Маро, хайр, масхара карду ба ҳар ҳол нағз шуд, ки чӣ одам аст ў, – шинохтам. Барои оянда...
Мошин басуръат ва ҳамвор мерафт.
Дар ду бари раҳ талу теппаҳои пасту баланд, баъзан қарта-қарта заминҳои гандумаш даравидаи урён, гоҳо подаи гаву рамаи гўсфандон паёпай қафо мемонданд.

пешина
аз 551
навбатӣ