Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо дар ҳақиқат нахоҳед, пас банда ҳам дигар наменўшам.
– Ҳар ду ихтиёр доред, аммо ман дар воқеъ ҷиддан... – гўшти инак майдаро аз болои тахтача ба рўи ош мегузорад Ҳотамбек.
– Ту аввал кўча баро, Катарин. Баъд ана... дида арз мекунем, ки то чӣ андоза ҷиддан не мегўӣ.
– Шунидӣ? – мепурсад Ҳотамбек аз Нозилҷон. – Таҳдидро шунидӣ? Аз доми алоиқи инҳо халосӣ нест. Боз ту ба гўшам мехонӣ, ки аз худат эҳтиёт бош...
– Хуб, гиред, палави кадбону маътал шуд, – ба арзи ҳоли ў чандон эътибор надода, даст ба лангарӣ мебарад Нозилҷон.
Ва ба ҳамин хомўшӣ дар миён омада, ёрони куҳан як муддат ош мехўранд, газак мегиранд. Пас, ҳангоми чои гарм, даричаи гуфтугўро аз дигар тараф кушода, ҳар кадоме аз он чи огаҳ аст, бе ҳеҷ тааннут ягон соат барин сўҳбат мекунанд. Аз вазъи пойтахт, ҳолати таълиму тарбия дар мактаб, баъзе воқеоти хушу нохуши деҳа, инчунин аз рўзгори шахси худ, ҳаёти собиқ ҳамсинфон, ниҳоят аз боби имону инсоф...
Исматулло акнун Ҳотамбекро бе лақаби наваш ном мегирад. Соҳиби хона низ хеле меҳрубон – маълум, ки сидқан меболад аз ҳузури дўстони айёми дур. Нозилҷон ҳам хурсанд аст; тану ҷонаш хоса ҳаловат бурда, гўё дар олами сабзи кўдакӣ масрур ба гардиш меоянд. Билохир вай пиёлаи холиро оҳиста дар рўи дастархон монда, ба оҳанги шукру сипос мегуяд:
– Инак ба ман иҷозат.
– Ба камина ҳам, – зуд ўро пайравӣ мекунад Исматулло.
– Боз камтар шинем, чӣ? Охир, шабҳои зимистон дароз! – далел меронад Ҳотамбек.
– Ҳоло аз дидори модар сер нашудаам. Саҳар баргаштан лозим, – низ асос меорад Нозилҷон.
– Чӣ илоҷ, ҷўраҷон, майлат... Дар куҷое бошӣ, зинда бош.
Ба аҳли оилаат салом расон. Садқаи ҳар қадамат...
Дўстон ба дастархон фотиҳа хонда, қаноатманд аз ҷой мехезанд. Ҳотамбек ҷомаашро чаққон ба китф андохта, чашмони кабудаш равшан, хушнуд нидо мекунад:
– Ман худам шуморо то таки дарвоза мебарам!

пешина
аз 551
навбатӣ