МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
гузаронда, табъаш хеле хуш, ба Нозилҷон гарм муроҷиат мекунад:
– Нанўшидаед-ку...
– Аз дасти ту нўшида мешавад, чӣ! – ба ҷои дўсти худ фавран ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.
– Ман аз акаам пурсидам...
– Ана, Исматулло омад, ҳоло менўшем, – аз шарми ногаҳон ба гунаҳояш як қадар хун давида, дар тавозўъ мегўяд Нозилҷон.
– Ош шавад! – дари хонаро оҳиста кушода, занак аз паи кори худ меравад.
– Ин Шералӣ дар зери назари кӣ будааст, акнун фаҳмидӣ? – ба Исматулло чашм медўзад Ҳотамбек.
– Дар зери назари худо бошад ҳам, менўшем, – хотирҷамъ мегўяд вай. – Охир, ҷўраи ҷонамон омадааст! Кайҳо боз ба дидораш зор мегаштем.
– Ман дигар намегирам, – қатъӣ садо медиҳад овози Нозилҷон. – Бе ин ҳам ба одами бемор нўшида, гуноҳ кардам.
Ҳатто шарманда шудам.
– Дар пеши кӣ? – гўё ҳайрон монда, ба ҷид мепурсад Исматулло.
– Ҳеҷ набошад, дар пеши худам.
– Ҳотамбек касал не, беҳуда ғам мехўрӣ.
– Чӣ хел, аз як мурдан гаштаасту...
– Худо хоҳад, боз аз сад мурдан мегардад!
– Ту, нағзаш... дигар ба вай чаққа нашав. Воқиан ҳам дўст бошӣ, зинҳор аз ёдат набар, ки духтур чӣ фармудааст.
– Хуб, ба ин касали лоҳис намерезам. Дуямон менўшем, пеш аз ош, кам-кам...
– Гуфтам-ку: не!
– Дилат мекашида бошад, худат нўш. Бемалол... – ба Исматулло рўй меорад Ҳотамбек.
– Ҳамин қадар кайфаш бас будагист, – коҳишнок механдад Нозилҷон.
Исматулло, ки чолок шишаро гирифта, ба пиёлаҳо арақ рехтан мехост, сараш андак хам, онро дуртар аз худ дар як гўшаи дастархон монда:
– Лекин рост, – мегўяд. – То ин ҷо омадан ман хеле гулў тар кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор