МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин осон аст ба савора расидани пиёда? Албатта не... Бо вуҷуди ин човандоз аз қасдаш намегардад – манзил ба манзил чандин рўз таъқиб карда, ду-се маротиба ўро мебинад. Ҷасурона мегўяд, ки амонатамро баргардон. Аммо ҳар дафъа Иброҳимбек ба як сухани «ту аҷаб одамӣ...» фақат хандида, носкадуро гашта намедиҳад. Гўё паҳлавонро ба бозӣ андохта, масхара кардан мехоҳад.
– Ҳамон вақт бобоят чандсола будааст?
– Камобеш бистсола, муҷаррад...
– Аспи бидавашро ба ду дасти адаб супурда, аз паи як носкаду ин қадар овора шудан... – лаҳзае ба хаёл меравад Нозилҷон. – Ростӣ, кас дар ҳайрат мемонад.
– Ман ҳам то ҳол ҳайронам, – андешаи ўро тасдиқ намуда, аз сари нав чорзону менишинад Ҳотамбек. – Вале зудзуд фикр мекунам, ки дар воқеъ инсони якрав будааст бобои човандози ман, истодагари баору номус будааст. Агар не, ба гуфти ту азоби алим кашида, марҳилаи дуру дарозро тай зада, баъзе шабҳояшро дар ҳар гуна фарозу нишеб рўз карда, падару модараш ахир ноумед, оқибат то худи Деҳнав мерасад? Нотарсиро бин...
– Деҳнави имрўза Ўзбакистон?
– Бале. Аммо дар он ҷо ҳам Иброҳимбек ўро дидан замон хуб механдад, ки ин бандаи худо эҳтимол сиҳат нест.
Ҳатто чашмашро сахт тарсондан мехоҳаду аз чӣ бошад, даррав мулоим шуда, баъд ана... мегўяд: ман ба ту қоил, бачамард, ҳақиқатан дар иқдоми худ устувор будаӣ... Ва як муддат ўро аз ҳар дар ба гап гирифта, боз ҳам мурданивор қаҳқаҳ зада, ниҳоят ин кадучаи нозанинро бармегардонад. Бобои мо аз ғояти шодӣ тоқиашро албатта ба осмон меандозад.
...Банохост дари хона кушода шуда, дар остона андоми Исматуллои муаллим намоён мегардад. Ва Ҳотамбек:
– Давомаш ба вақти дигар, – гўён зуд аз болои кўрпача мехезад. – Ку биё, дўстам...
– Ана, омадам. Хабар накунед ҳам, омадам, – гулдурос мезанад овози меҳмон.
– Чӣ бало, мастӣ? – низ бархоста, ҳазломез мепурсад Нозилҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор