Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз байн фурсати зиёд нагузашта, се-чор сарҳуй ба аскарӣ розӣ мешаванд. Баъзе одамони доро хоста ё нахоста, пул мебиёранд, шаш-ҳафт аспи базину лаҷом низ тақдим мекунанд. Аз ҷумла бобои содаи мо ҳам ҳисса дар кори хайр гуфта, он ёри на камтар аз Шабдези худро шахсан ба ихтиёри Иброҳимбек мегузорад.
– Аҷаб саховате!
– Ман бошам, ягон санги шашпарра бурда медодам, ки ба сараш занад.
– Сабаб?
– Ба ақли кўтоҳи банда... вай барин муборизҳо асосан дар кўи нафси бади худ мубориза мекарданд.
– Гапат ҷон дорад.
– Лаънатӣ он рўз аспи бидави бобои маро дида, чашмонаш барқ зада, аз ғояти хурсандӣ магар, боз мегўяд, ки носи нағз ёфт мешавад? Бале, – филҳол ҷавоб мегардонад човандоз, ҳамин носкадуи зеборо аз бағалаш берун оварда.
– Пас ў мекашидааст...
– Ман, охир, нав ба ту фаҳмондам, ки не! – хитоб мекунад Ҳотамбек. – Худаш ҳеҷ гоҳ накашида, барои якта-нимта носӣ гирифта мегаштааст.
– Яъне бубинед, ки ман чӣ хел носкадуи нестдарҷаҳон дорам? – ба завқ меояд Нозилҷон.
– Шояд. Балки савоб гуфта...
– Баъд?
– Сталинград рафта, аз худаш пурсӣ намешавад?
– Ман давоми қиссаро шуниданӣ, гаранг!
– Давомаш ҳамин ки Иброҳимбек носро мекашаду носкадуро гардонда намедиҳад. Зеби мо будааст мегўяд хандон. Човандоз ҳарчанд молашро бозпас мехоҳад, бефоида...
Лақай дигар парво накарда, пеш-пеши саворони худ шоду бод ба раҳ медарояд. Бобои паҳлавони мо чӣ? То носкадуямро аз дасти вай гардонда нагирам, ин деҳаи аҷдодиро акнун пушти сарам мебинад гуфта, аз паи Иброҳимбек таваккал қадам мебардорад.

пешина
аз 551
навбатӣ