Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар тўрхалтааш чор дона – аз чӣ бошад, ки мўйсафед ҳатто шумурд, – фақат чор дона себ буд! Ранги рўяш пухта, мўяш сип-сиёҳи дароз – он қадар дароз, ки пушти гиребони борониашро пурра пинҳон мекард. Куртааш сурхи назаррабо, пиҷакаш кабуд; гарданбанди ҳафтрангаш тиру камонро мемонд. Саропо равшанӣ буд вай, аммо нигоҳаш...
Мўйсафед, дилаш андак таҳ кашида, пай бурд, ки ба нигоҳи якгуна ором, баҳаё ва бисёр ғамноки ў на ҳар кас метавонад тоб орад.
– Ақалан овозаш мебуд, – гуфт Зардина.
– Афсўс мехўрӣ? – пурсид мўйсафед.
– Не-е, – гуфт Зардина.
– Ту худат аз кадом манзилӣ? – боз пурсид мўйсафед.
– Аз Ховалинг, – гуфт Зардина ба лабханд ва думбураро гашта дар ҷояш монду кафи дастонашро мағрур совид.
– Дурўғ...
– Барои чӣ дурўғ мезадаам?
– Барои он ки ягон ховалингӣ ранги ту беҳунар не...
– Ин думбураҳо соз ҷўр нашаванд, гуноҳи ман?
– ...Ховалингӣ, кўдакаш бошад ҳам, каму беш менавозад. Ту боз шарм надошта, аз Ховалинг мегўӣ...
– Биё, муйсафед, сергапӣ накарда, дуруст фаҳмон: чанд сўм мехоҳӣ?
– Ман ба ту хас намефурўшам, бачам.
Ҷингиламўй овози магнитафонашро баландтар кард.
Ҷингилак мўй дорӣ,
Нозанин гулворӣ.
Садқаи номат шавам,
Номи ширин дорӣ...

Хандааш омада, мўйсафед лаб газид.
– Дувоздаҳ сўм бас аст? – пурсид Зардина.
– Не, – гуфт мўйсафед.
– Хайр, ана... понздаҳ сўм.
– Тавба...
– Нархаш аз понздаҳ сўм як тин зиёд не.
– Рав ба раҳат, бачам.
– Розӣ шав...

пешина
аз 551
навбатӣ